Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Дастгирии иҷтимоӣ - дар меҳвари Паём

Дастгирии иҷтимоӣ - дар меҳвари Паём

Дар Паёми навбатии Роҳбари давлат масъалаҳои гуногуни сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт. Ҳамчунин, ба масъулин дар самтҳои мухталиф дастуру супоришҳо дода шуда, барои беҳбудии шароити зисту зиндагонии мардуми шарифи Тоҷикистон нуктаҳои зарурӣ баён карда гардид. 
Бо назардошти ин, рӯзи 12-уми феврал дар доираи нақшаи чорабиниҳои дарсҳои сиёсию тарбиявии тасдиқгардида, раёсати маъмурию хоҷагӣ бо иштироки фаррошон, боғбонон ва кормандони хоҷагӣ шарҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро доир намуданд. 
Нахуст, муовини ректор оид ба тарбия Б. Қодирова Паёми навбатиро шарҳ дода, аз ҷумла қайд намуд, ки Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз дастовардҳои 30 соли Истиқлоли давлатӣ ва тадбирҳо ҷиҳати истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор гашта, дар самти омодагӣ ба таҷлили ин ҷашни умумимиллӣ дастуру супоришҳо дода шуд. 
- Паёми Пешвои миллат ба мақоми олии қонунбарор ба даврае рост омад, ки мардуми шарифи тоҷик 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатиро дар фазои орому осуда дар сатҳи баланди омодагӣ бо ифтихор аз давлатдорӣ таҷлил намуданд, - афзуд баромадкунанда. 
Сипас, дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ Қ. Ҳомидова ва раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи донишгоҳ Б. Ниёзов баъзе нуктаҳои Паёмро ёдрас намуданд. 
Дар баромадҳо зикр гардид, ки ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин мебошанд. 
Бо назардошти ин ва бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Роҳбари давлат пешниҳод намуданд, ки: «Аз 1-уми июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз зиёд карда шавад». 
Инчунин, ҳадди ақалли музди меҳнат 50 фоиз зиёд гардида, андозаи он дар ҳаҷми 600 сомонӣ муқаррар карда шавад, ки ин аз кумаку ғамхории иҷтимоии Пешвои миллат гувоҳӣ медиҳад. 
Дар охир, сардори раёсати маъмурию хоҷагӣ М. Мирзоалимов афзуд, ки ҳамаи дастгириҳои роҳбарияти олии мамлакат мо кормандонро вазифадор менамояд, ки Паёми Президенти мамлакатро сармашқи кору зиндагии хеш қарор дода, барои баланд бардоштани сатҳу сифати кору хизматрасонӣ ҳамаҷониба кӯшиш намоем. 


Н. Ҷобиров