Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Вохӯрӣ бо хатмкунандаҳо

Вохӯрӣ бо хатмкунандаҳо

9 феврали соли равон дар толори конфронсии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиши «Хатмкунанда-2022» баргузор гардид. 
Вохӯрӣ бо мақсади рушди касбияти хатмкунандагон, омода намудани онҳо ба таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ ва фаъолияти меҳнатӣ аз рӯи ихтисос, мусоидат ҷиҳати дарёфт ва таъмини хатмкунандагон бо ҷойи корӣ роҳандозӣ шуда, дар доираи он мизи мудаввар, мулоқоту вохӯрии намояндагони раёсати таълим, бахши таҷрибомӯзӣ ва рушди касбият ва садорати факултет бо хатмкунандагон доир шуд. 
Дар доираи ҳамоиши "Хатмкунанда -2022" аз тарафи намояндагони бахши таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбияти донишгоҳ вобаста ба фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2021 таҳти №224 «Дар бораи тақсимоти мутахассисони ҷавон дар соли 2022» ва «Тартиби тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017 таҳти №262 тасдик гардидааст, маълумотҳои зурурӣ пешниҳод гардид. 

 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Зимни вохӯриҳо хатмкунандагон вобаста ба масъалаи таъмин гардидан бо ҷойи кор саволҳо дода, маълумоти мушаххас гирифтанд. Дар ҳамоиш қайд гардид, ки баргузории "Хатмкунанда-2022» дар донишгоҳ ҷиҳати амалисозии дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолии мамлакат, махсусан хатмкунандагон доир мегардад. Донишҷӯён низ аз ин иқдом изҳори хушнудӣ намуданд. Зеро баргузории чунин ҳамоишҳо имкон фароҳам меорад, ки намояндагони бахши таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият ба хатмкунандагон маълумоти зарурӣ пешниҳод намоянд. 
Ҳамоиши "Хатмкунанда-2022» бо ибтикори бевоситаи раёсати донишгоҳ ва бахши таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият баргузор гардида, ҳамасола доир карда мешавад. 


Бахши таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият