Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Вохӯрии волидайн бо устодони донишгоҳ

Вохӯрии волидайн бо устодони донишгоҳ

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани самтҳои афзалиятноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо иштироки доираи васеи падару модарони донишҷӯёни курсҳои 2-4-ум санаи 12-уми феврали соли 2022 бо ташаббуси садорати факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт дар якҷоягӣ бо Раёсати тарбия маҷлиси падару модарон баргузор карда шуд. 
Дар оғоз декани факултет Неъматов И.У. баромад карда, волидайни донишҷӯёнро барои ташриф овардан ба боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфт ва барои иштирок дар ҷаласа изҳори миннатдорӣ намуд. Қайд гардид, ки дар нимсолаи 2-юми соли таҳсили 2021-2022 яке аз масъалаи ташвишовар ин давомоти нокифояи донишҷӯён мебошад. Аз ин рӯ, таъсир расонидан ба рафтори фарзандон ва беҳтар кардани он яке аз вазифаҳои волидон маҳсуб мегардад. 

 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Масъалаи баланд бардоштани омӯзиш ва таҳкими заминаи маънавии тарбияи ахлоқии фарзанд, маърифатнок намудани ӯ дар рӯҳияи муҳаббат ба халқу Ватан вазифаи ҳам омӯзгорон ва ҳам падару модарон мебошад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳамасолаи худ ба масъалаи бисёр муҳим - зарурати беҳтар намудани корҳои тарбиявӣ дар байни ҷавонон ва дар рӯҳияи ватандӯстиву инсонпарварӣ ва худогоҳиву худшиносӣ ба воя расондани ҷавонон таъкид менамоянд. Барои баланд бардоштани сифати таълим дар тамоми зинаҳои таҳсилот бояд масъулияти ҳаматарафа байни оила, аҳли ҷомеа ва омӯзгорон пурзӯр карда шавад. Бинобар ин, баргузории чунин чорабиниҳои тарбиявӣ, ба монанди маҷлиси васеи падару модарон саривақтӣ мебошад. 
Сипас, эдвайзер оид таълими факултет А.Гулов баромад намуда, натиҷаи давомоти донишҷӯёни курсҳои 2, 3 ва 4-уми факултетро тариқи презентатсия ба ҳозирин нишон дод. 
Вобаста ба самти корҳои тарбиявии факултет ва хониши донишҷӯён мудирони кафедраҳои тахассусӣ ибрози андеша намуданд. 
Дар фарҷом аз тарафи волидон саволҳои зиёд пешниҳод гардид, ки ба онҳо декани факултет, ҳуқуқшинос, мутахассиси Раёсати тарбия ва мудирони кафедраҳо ҷавобҳои мушаххас гардониданд. 


Тағоймурод Эшзода