Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Шарҳи банақшагирии буҷетҳои маҳаллӣ

Шарҳи банақшагирии буҷетҳои маҳаллӣ

Рӯзи 12-уми феврали соли равон бо ташаббуси факултети молия ва қарз бо иштироки муовини сардори Сарраёсати молия дар шаҳри Душанбе Одинаев Саъдӣ дар мавзӯи «Банақшагирии буҷетҳои маҳаллӣ ва тартиби ворид намудани тағйирот ба он» зермаҳфили «Зеҳн» баргузор гардид. Дар маҳфил сардори раёсат дар Сарраёсати буҷети давлатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоев Бобохон, мутахассиси шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим Ҳаитов С.П., муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии факултети молия ва қарз Зубайдов Ҷонибек ва устодону донишҷӯёни факултети мазкур фаъолона иштирок намуданд. 
Дар маҳфил Одинаев С. бо истифода аз слайд асосҳои ҳуқуқии тартиби таҳияи лоиҳаи буҷетҳои маҳаллиро тавзеҳ дод. Аз ҷумла, доир ба асосҳои қонунгузорию меъёрии идоракунии буҷетӣ, ҷараёни банақшагирии буҷетҳои маҳаллӣ, муносибатҳои байнибуҷетӣ, иҷроиши буҷетҳои маҳаллӣ ва тартиби ворид намудани тағйирот ба буҷетҳои маҳаллӣ маълумот дода шуд. Инчунин қайд гардид, ки тартиби таҳия, баррасӣ ва тасдиқу иҷроиши буҷетҳо, муносибатҳои молиявии байнибуҷетӣ, ҳиссаҷудокунии буҷетҳои маҳаллӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ, андозҳои танзимшаванда ва принсипҳою механизмҳои танзимнамоӣ ва амалигардонии нақшаҳои буҷети давлатӣ бо истифода аз санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва иштироки фаъолонаи мақомоти идоракунии давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар амал татбиқ намуда мешаванд. Махсусан қайд гардид, ки таъмини устуворӣ ва самаранокии низоми буҷети давлатӣ аз фаъолнокии бахшҳои воқеии иқтисоди миллӣ, соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорию афзун гардонидани истеҳсол ва хизматрасониҳо вобастагӣ дорад. Яке аз ислоҳот дар низоми буҷети давлатӣ ин такмили принсипи мустақилияти буҷетҳо мебошад, ки айни замон дар якчанд шаҳраку деҳоти ҷумҳурӣ ташкил ва ба роҳ монда шудааст, ки он фаъолияти мустақили буҷетҳои номбурда ба шумор меравад. 

 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Мавсуф иброз намуд, ки омилҳои дохилию беруние, ки ба ҳолати буҷети давлат таъсир гузоштанд, ин тағйирёбии вазъи бозори ҷаҳонӣ, бемории COVID-19, сармоягузории хориҷӣ, даромадҳои аҳолӣ ва ислоҳоти буҷетию андозӣ ба ҳисоб мераванд. 
Умуман, дар рафти зермаҳфил тамоми самтҳои молияи давлатӣ, даромадҳои андозию ғайриандозӣ, қарзи давлатӣ ва сармоягузорию фондҳои мақсадноки давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ки аз он донишҷӯёну устодон бардоштҳои зиёд намуданд. 
Дар музокира Бобоев Б., устодон Ҳаитов С.П., Зубайдов Ҷ.И. Намозализода Ш.Н., Сафаров А.И. ва дигарон баромад карданд. 


Зубайдов Ҷ.И., муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ