Хабарҳо
Таҳкими равобити волидон бо донишгоҳ
Санаи 12-уми феврали соли равон дар толори фарҳангӣ бо иштироки падару модарони донишҷӯёни курсҳои 2-ум ва 3-уми факултаи молия ва қарз маҷлиси васеъ доир гардид, ки дар он декани факулта Амрулло Нурализода, Тахмина Умаралиева, раиси Шӯрои бонувон ва сармутахассиси шуъбаи мониторинг ва сифати таълим Р. Холбобоев иштирок доштанд.
Маҷлисро декани факулта кушода, роҷеъ ба донишҷӯёне, ки сари вақт ба дарсҳо ҳозир нашуда, бо риши дамида ва мӯи сари баланд, бе либоси тавсиявӣ ва бе ҷувздон ба дарсҳо меоянд, маълумот дода, нисбати ин гуна донишҷӯён чораҳо андешиданро пешниҳод намуд.
Ҳамзамон, Нурализода А. дар ин маврид дар бораи иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» истода гузашта, онро ҳатмӣ донист. Мавсуф дар бораи риояи қоидаҳои донишҷӯӣ ва тартиботи донишгоҳ гуфта гузашт. Ҳамзамон, декани факултет аз донишҷӯёне ном бурд, ки дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол буда, бо хониши аъло, тарбияи хубу имтизоми намунавӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангии донишгоҳӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, худро нишон додаанд ва масъулияти баланд зоҳир менамоянд.
Дар охир ба 18 нафар волидайни ин гуна донишҷӯён декани факултет сипосномаҳо супорид.
Нурализода А. аз волидон даъват ба амал овард, ки барои беҳтар шудани вазъи корҳои тарбиявӣ робитаро бо кураторон ва садорати факултет таҳким бахшанд.
Гузаронидани чунин вохӯриҳои судманд дар дигар факултаҳои донишгоҳ идома дорад.
Тағоймурод Эшзода