Хабарҳо
Дарси кушод дар бораи сиёсат ва идораи молиявӣ
Рӯзи 14 феврали соли равон дарси кушоди дотсенти кафедраи молия Давлатов Х.М. дар мавзуи «Сиёсат ва идораи молиявӣ» баргузор гардид. Дар дарс асосан донишҷӯёни курсҳои дуюми ихтисосҳои молия, кори бонкӣ, бозори фондӣ ва устодони кафедраҳои тахассусӣ фаъолона иштирок доштанд.
Дотсент Давлатов Х.М. муҳимияти таҳия ва татбиқи сиёсати молиявии аз нигоҳи илмӣ асоснокшударо дар таъмини рушди босуботи иқтисодиёти кишвар ва расидан ба ҳадафҳои стратегӣ қайд намуд. Инчунин иброз дошт, ки омӯзиш ва донистани ҳамаи омилҳои объективии ба таҳияи сиёсати молиявӣ таъсиррасонанда ниҳоят муҳим мебошад. Муносибати илмӣ ба таҳияи сиёсати молиявии давлат, мувофиқати он ба қонунҳои рушди ҷамъият, доимо ба инобат гирифтани хулосаҳои назарияи молияро дар назар дорад. Вайрон кардани ин талабот боиси талафоти калон дар низоми молиявӣ ва иқтисоди миллии кишвар мегардад. Барои арзёбии сиёсати молиявии ин ё он давлат ва пешниҳод намудани тавсияҳо оид ба ислоҳи он, пеш аз ҳама, бояд барномаи аниқи рушди ҷамъиятӣ бо назардошти ҷудонамоии манфиатҳои тамоми ҷомеа ва гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ, тавсифи вазифаҳои дурнамоӣ ва таъхирнопазир, муайян кардани муҳлат ва усулҳои ҳалли онҳо мавҷуд бошад. Танҳо дар ҳамин сурат механизми мушаххаси татбиқи сиёсати молиявии давлатро таҳия намуда, ба он баҳои холисона додан мумкин аст.
Умуман, зимни дарс ҷанбаҳои муҳими сиёсати молиявии давлат бо назардошти фикру ақидаҳои мактабҳои гуногуни иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар дарси кушод А. Муллоҷонов, сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим ширкат намуд.
Зубайдов Ҷ., муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ