Хабарҳо
Ғолибон муайян шуданд
Санаи 14-уми феврали соли равон дар толори умумидонишгоҳӣ аз тарафи устодони кафедраи фанҳои табиатшиносии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон давраи дуюми Олимпиадаи дохилидонишгоҳӣ аз фанҳои географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демография, геология, биология-экология, астраномия, физика ва химия гузаронида шуд. Дар он донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, дониши худро нишон доданд.
Дар ҷамъбастон донишҷӯёни зерин аз ихтисосҳои географияи иқтисодии Тоҷикистон ва геология Ҷамолиддин Муқимов, биология ва экология Х. Нозимов, астраномия М. Ҷурахонов, физика З. Маҳрулло ва химия М. Мирзоев сазовори ҷойҳои аввал гардиданд.
Тавре ба мо мудири кафедраи фанҳои табиатшиносӣ Одилҷон Улуғов иброз дошт, баргузор намудани чунин олимпиадаҳо барои татбиқи барномаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар илму маориф» ба роҳ монда шуда, барои баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён ва тайёр намудани мутахассисони варзида шароит фароҳам меоварад.
Тағоймурод Эшзода