Хабарҳо
Маҳфилҳо - тақвиятбахши ҳисси ватандӯстӣ
Тибқи нақшаи баргузории маҳфилҳои илмӣ-адабӣ дар хобгоҳҳои ДДМИТ дар санаи 11.02.2022 бо донишҷӯёни хобгоҳҳои 1-ум ва 2-юми ДДМИТ маҳфилҳо баргузор гардиданд, ки он бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсия, раёсати тарбия роҳандозӣ гардидааст. Ҳамзамон дар хобгоҳи 1-ум устодони кафедраи забони хориҷӣ Ҳамроев М., Ҷонмардов З., Атоева Ҳ. ва сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия Неъматуллои М. иштирок намуда, омӯзгорон дар мавзӯи “Омӯзиши забонҳои хориҷӣ” баромад намуда, барои хуб аз худ намудани забонҳои хориҷӣ дар муддати кӯтоҳ маълумотҳои хубу ҷолиб пешниҳод намуданд.
Аз ҷониби донишҷӯён низ саволҳо дода шуда, ба онҳо ҷавобҳо дода шуд.
Дар маҷмӯъ маҳфил дар хобгоҳи №1 хубу хотирмон гузашт.
Бояд қайд намуд, ки дар ин сана дар хобгоҳи № 2 низ маҳфили илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия Ҳасанова М.А. ва устодони факултети МИБ иштирок намуданд. Муовини декан оид ба илм Ҳалимхонов З. ва устодони кафедраи иқтисоди ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ Ҳамроев М., Акобирзода А. дар мавзӯи “Одоби муошират дар макотиби олӣ” баромад намуданд. Ҳамзамон устоди кафедра Ҳамроев М. доир ба ҷанбаҳои иқтисодии Паём маълумоти пурра дод. Тавсияи устодон Ҳалимхонов З., Ҳамроев М. ба шогирдон ин буд, ки бештар илми муосир ва замонро аз худ намоянд ва аз мутолиаи асарҳои бадеӣ канораҷӯӣ накунанд, зеро дониш инсонро ба мартабаҳои баланд мерасонад.
Бояд гуфт, ки баргузории маҳфилҳои илмию адабӣ барои тақвияти ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллии ҷавонон нақши муассир дорад.
Раёсати илм ва инноватсия