Хабарҳо
Идоракунии воситаҳои пулӣ
Санаи 15 феврали соли 2022 дарси кушоди дотсенти кафедраи менеҷменти молиявӣ Хуррам Ҷӯраев аз фанни Идораи молияи давлатӣ дар мавзуи «Идоракунии воситаҳои пулӣ» дар ихтисосҳои менеҷменти молиявӣ, иқтисодиёти молиявӣ ва бонкӣ доир гардид.
Устод мавзуъро ба таври васеъ бо истифода аз слайд ва усули кейс-стади фаҳмонида, шарҳу тавзеҳ дод, ки дар шароити иқтисоди муосир ҳар як муассисаю корхонаҳо масъалаҳои стратегии молиявиро мустақилона интихоб менамояд. Дар ҳар як корхонаю муассисаҳо хоҳ буҷетӣ ва ҳоҳ ғайрибуҷетӣ ҳаракати доимии воситаҳои пулӣ мавҷуд буда, пули нақд ва ғайринақдӣ бештар ба назар мерасад. Ба иқтисодиёти молиявии ташкилоту муассисаҳо модернизатсияи технологӣ ба ҳаракати воситаҳои пулии нақдӣ ва ғайринақдӣ таъсири хеле калон мерсонад.
Устод Х. Ҷӯраев зимни дарс мушкилоти асосии идоракунии воситаҳои пулиро, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо мешаванд, гуфта гузашт. Ҳамчунин, мувофиқи ин роҳҳои ҳалли масъалаҳои идоракунӣ, мақсаднок истифода бурдани воситаҳои пулии буҷетӣ, таҳлили вазъияти пешниҳодшуда ва ёфтани роҳи оптималиро кушода дод.
Умуман, сохтори дарс мувофиқ ба талаботи дарси муосир таҳия шуда, ҷамъбасти он бо риояи талаботи принсипҳои дидактикӣ гузашт ва баъдан саволу ҷавоб сурат гирифт.
Дар қисмати таҳлили дарс Муллоҷонов А., сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим андешаҳояшро аз мушоҳидаҳо гуфта, дарсро хуб арзёбӣ кард.