Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

«Иқтисоди сабз»-воситаи муҳими рушди устувор

«Иқтисоди сабз»-воситаи муҳими рушди устувор

Дар асоси нақшаи кории кафедраи фанҳои табиатшиносӣ имрӯз, 18 феврал дар донишгоҳ маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони «Табиатшиносони ҷавон» баргузор гардид. Дар маҳфил оид ба мавзӯи «Иқтисодиёти сабз- тоқазои замон» донишҷӯён А. Сафаров, А. Азизбекова, Р. Алишерова, Ф.Турсунзода ва О. Рушанзода аз факултаҳои молия ва қарз ва муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ баромад намуда, бо истифода аз слайд дар бораи аҳамияти иқтисодиёти сабз маълумотҳои пурра ва муътамад доданд. 
Баромадкунандагон дар қайд намуданд, ки имрӯз дар кишвари мо 98 фоизи неруи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, асосан бо истифода аз неруи об истеҳсол мегардад ва Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» дар ҷаҳон ҷои шашумро ишғол менамояд. Аз ин мебарояд, ки ба маънои маҳдудаш иқтисодиёти «сабз»-ро ҳамчун технологияи коркард, истеҳсол, ва истифодабарии таҷҳизот барои назорат ва кам кардани партовҳои моддаҳои ифлоскунанда, пешгӯии тағйирёбии иқлим, ҳамчунин технологияҳои энергиясарфкунанда ва энергетикаи барқароршаванда маънидод кардан мумкин аст. 


Тағоймурод Эшзода