Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Саноатикунонии босуръат дар шароити иқтисоди рақамӣ

Саноатикунонии босуръат дар шароити иқтисоди рақамӣ

Бо чунин унвон зермаҳфили “Зеҳн”-и факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт санаи 17-уми феврал бо ҷалби мутахассисони соҳа, ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯён дар доир гардид. 
Нахуст, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои хориҷӣ У Воҳидов маҳфилро ифтитоҳ намуда, моҳияти мавзуъро фаҳмонида, муҳимияти ташкил ва баргузории чунин маҳфилҳои илмиро ба манфиати муҳассилин ва устодон ҳисобид. Қайд карда шуд, ки маърӯзаи илмии имрӯза яке аз мавзӯъҳои рӯзмара буда, ба устодону донишҷӯёни ихтисосҳои марбутаи факултет имконият медиҳад, то аз навгониҳои соҳа огаҳӣ пайдо намоянд. 
Ходими илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Баҳодур Маҳкамов дар бораи саноатикунонии кишвар, ки ҳадафи чоруми стратегии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, баромад намуда, онро бо мисолҳои мушаххас шарҳ дод ва аз ҳар донишҷӯ хостори дар ин ҷода саҳм гузоштанро пешниҳод намуд. 
Гуфта шуд, ки аз таҷрибаи ҷаҳонӣ маълум аст, ки саноатикунонии босураът аз рушди саноати сабук оғоз мегардад ва ин равандро имрӯз мо дар кишвари худ мушоҳида намуда истодаем. 

 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Қайд карда шуд, ки дар асоси нақшаи кории зермаҳфили «Зеҳн»-и факултет кӯшиш ба харҷ медиҳад, то мутахассисони касбиро ба маҳфилҳо ҷалб намуда, дар ин замина, алоқамандии назария ва амалияро таъмин намояд, ки ин тибқи стандартҳои таҳсилоти олӣ ва талаботи бозор меҳнат омода намудани мутахассисони касбӣ мусоидат мекунад. 
Дар хотимаи маҳфил ба саволҳо посухҳои қаноатбахш ва асоснок дода шуданд. 


Тағоймурод Эшзода