Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҷалби бештари сармоя баҳри рушди иқтисодиёт

Ҷалби бештари сармоя баҳри рушди иқтисодиёт

Рӯзи 17-уми феврал дар кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ семенари илмӣ-методӣ дар мавзӯи «Асосҳои назариявии идора ва танзими сармоягузориҳои хориҷӣ дар иқтисодиёти миллӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон) баргузор гардид. Дар он декани факултети МИБ Қ. Муқимов, кормандони раёсати илм ва инноватсия ва дигар устодону донишҷӯёни ихтисосҳои иқтисоди ҷаҳон ва менеҷменти байналхалқӣ иштирок доштанд. 
Ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва тиҷорати байналмиллалӣ Фариддун Расулзода дар баромади худ қайд намуд, ки рушди иқтисодиёт ҷалби ҳарчи бештари сармоя ва такмил додани механизми воридсозии онро талаб менамояд. Дар ин самт, пеш аз ҳама, зарур аст, ки қонунгузорӣ оид ба сармоягузорӣ такмил дода шуда, дар кишвар ҳамоҳангсозии фаъолияти сармоягузорони ватанӣ зимни раванди пешниҳоди лоиҳаҳо барои сармоягузории мустақим аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда шавад. 
Дар қисмати музокира донишҷӯёну устодон фаъолона ширкат намуданд. 


Тағоймурод Эшзода