Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Назму тартиб ҳар куҷоест, пойдор

Назму тартиб ҳар куҷоест, пойдор


Бо ташаббуси факултети молия ва қарз ва Раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ таърихи 17-уми феврали соли равон ҷаласа бо сарпарастони гурӯҳҳои академӣ, эквайзерон ва мудирони кафедраҳо баргузор гардид. 
Сараввал декани факултет Амрулло Нурализода баромад намуда, дар бораи вазъи таълиму тарбия дар факултет истода гузашт. Ӯ чанд нуктаи муҳимро аз маҷлиси васеи падару модарони донишҷӯёни курсҳои 2-3-уми факулта, ки рӯзи 12-уми феврали соли равон баргузор гардида буд, ёдрас шуда, оид ба фаъолияти кураторон, аз ҷумла сари вақт пур накардани журналҳо, интизому давомоти донишҷӯён ва риояи тартиботи дохилидонишгоҳӣ ибрози ақида намуда, барои дар муддати кӯтоҳ бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ба шахсони мутасаддӣ дастуру супоришҳои қатъӣ дод. 



 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Сардори Раёсати тарбияи донишгоҳ Абдулло Давлатзода дар баромади худ оид ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва хештаншиносии донишҷӯён, пӯшидани сару либоси расмӣ ва тақвияти зиракии сиёсӣ ва пешгирӣ аз ҳолатҳои нигаронкунанда сухан ронда, аз ҷумла қайд намуд: 
-Ба бар намудани либоси миллӣ ва тавсиявӣ барои донишҷӯдухтарон яке аз талаботи қатъии донишгоҳ ба ҳисоб меравад ва барои таҳкими хештаншиносии онҳо низ таъсирбахш аст. Бояд донишҷӯёни мо аз парастиши фарҳанги бегона даст кашанд ва тарзе хонанду рафтор кунанд, ки обрӯи донишгоҳи моро бардоранд. 
Дар охир декани факултет Амрулло Нурализода барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ба шахсони масъул вазифаҳои мушаххас дод. 


Тағоймурод Эшзода