Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Роҳхат ба олимпиадаи АМИТ

Роҳхат ба олимпиадаи АМИТ

Бо ташаббуси кафедраи забони тоҷикӣ дар якҷоягӣ бо раёсати илм ва инноватсия давраи дуюми олимпиадаи умумидонишгоҳӣ аз фанни забони тоҷикӣ ва адабиёт гузаронида шуд. Аз байни ҳашт нафар довталаб Таманно Норбекова, донишҷӯи курси 2-и факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ барои иштирок дар олимпиадаи Акадамияи миллии илмҳои Тоҷикистон роҳхат гирифт. 
Тавре дар суҳбат ба мо, муаллимаи калони кафедраи забони тоҷикӣ Савринисо Муҳаммадиева иброз дошт, Таманно Норбекова яке аз донишҷӯёни фаъол буда, мутолиаи китобҳоро дӯст медорад. Дар озмуни ноҳиявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок намудану соҳиби Ифтихорнома гардиданаш нишонаи гуфтаҳои болост. 
Баргузор намудани чунин олимпиадаҳо барои дарёфти чеҳраҳо дар фазои забону адабиёти тоҷик фоли нек аст. 


Т. Эшзода