Хабарҳо
Таҳлили ташкили фаъолияти суғурта
Рӯзи 18-уми феврал бо иштироки доираи васеи донишҷӯёни курсҳои дуюм ва чоруми ихтисоси суғурта дарси кушоди дотсенти кафедраи суғурта дотсент Аслон Ҳомидов дар мавзӯи «Ташкили фаъолияти суғуртавӣ» баргузор гардид.
А. Ҳомидов аввал зарурати бозорро ёдовар шуда, таърифи бозор, таърихи пайдоиш, давраҳои рушд ва нақши тақсимоти ҷамъиятии меҳнат дар пайдоиши бозорро бо тафсил шарҳ дод. Номбурда таъкид намуд, ки дар давраи рушди иқтисоди рақамӣ моҳияти бозор тағйир ёфтааст ва аз «макони хариду фурӯши мол» ба «мавҷуд будани мол ва харидор» табдил ёфтааст. Имрӯз фурӯшанда ва харидор ба макони хариду фурӯш нарафта, бо ҳам вонахӯрда, хариду фурӯшро ба анҷом мерасонанд.
Бозори суғурта бошад, ин лаҳзаи баргузор гардидани муносибатҳои иқтисодии байни суғурташаванда ва суғуртакунанда оид ба хариду фурӯши моли махсуси суғуртавӣ мебошад. Дар бозори суғурта ин мол хариду фурӯш карда мешавад ва уҳдадории ширкати суғурта оид ба ҷуброни зарари ба суғурташаванда мерасида мебошад.
Дар идомаи дарс устод дар бораи унсурҳои бозори суғурта, иштирокчиёни бозор ва шаклҳои ташкилию ҳуқуқии ширкатҳои суғуртавӣ маълумоти дод.
Дар охир донишҷӯён оид ба сабабҳои суст рушд ёфтани бозори суғуртаи Тоҷикистон саволҳо дода, дар ин самт дониши худро мустаҳкам намуданд.
Тағоймурод Эшзода