Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Инсони бетарбия зиёнкори ҷамъият мешавад

Инсони бетарбия зиёнкори ҷамъият мешавад

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани самтҳои афзалиятноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» санаи 19-уми феврали соли равон дар донишгоҳ бо доираи васеи падару модарони донишҷӯёни курси якум ва чоруми факултети молия ва қарз ҷаласа баргузор гардид, ки дар он декани факулта А. Нурализода баромад намуда, волидони донишҷӯёнро барои ташриф овардан ба боргоҳи илму маърифат хайра мақдам гуфт. 
Мавсуф қайд намуд, ки фарзандонатон дар интихоб намудани ихтисос хато накарда, балки беҳтарин ихтисосҳо ва донишгоҳро интихоб намуданд. Тарбияи ҷавонон дар шароити имрӯза кори саҳлу осон нест. Аз ин рӯ, иштироки падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон - донишҷӯён ба он оварда мерасонад, ки ҳисси масъулиятшиносии онҳо баланд гардад. Масъалаи баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ ва таҳкими заминаи маънавии тарбияи ахлоқи фарзанд, маърифатнок намудани ӯ, дар рӯҳияи муҳаббат ба халқу ватан ва бунёдкорию созандагӣ тарбия намудани онҳо вазифаи омӯзгорон ва падару модарон мебошад. 

 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Муовини ректор оид ба тарбия Б.Қодирова дар баромади худ қайд намуд, ки инсони бетарбия зиёнкори ҷамъият мешавад, барои баланд бардоштани интизом ва сифати таълим дар тамоми зинаҳои таҳсилот бояд масъулияти ҳаматарафа байни падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгорон пурзӯр карда шавад. Бинобар ин, баргузории чунин чорабиниҳои тарбиявӣ, ба монанди маҷлиси падару модарон саривақтӣ мебошад. 
А. Давлатзода сардори Раёсати тарбияи донишгоҳ дар баромади худ қайд намуд, ки тарбия қисми ҷудонашавандаи таълим ва илм ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин, ба масъалаҳои риояи сару либоси тавсиявӣ, фарҳанги касбият ва маърифати муошират таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданро зарур донист. 
-Донишҷӯёнро мебояд ба масъалаҳои фарҳанги либоспӯшӣ, фаъолият ва таълим дар муассисаҳои таълимӣ ва эхтиромгузорӣ ба шахсияти худ ва ҷомеаро дар мадди аввал гузоранд., - гуфт Давлатзода А. 
Дар анҷоми ҷаласа А. Нурализода ба 22 нафар волидони донишҷӯёне, ки хониши хубу аъло ва тарбияи хубу интизоми намунавӣ доштанд, бо сипосномаҳо сарфароз гардонид. 


Тағоймурод Эшзода