Хабарҳо
Таъйиноти кадрӣ дар ДДМИТ
Рӯзи 21 феврали соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот таъйиноти кадрӣ ба имзо расониданд.
Мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 феврали соли 2022 таҳти №31 Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон озод карда шуда, ба вазифаи муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуд.
Ҳамзамон тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 феврали соли 2022 таҳти №40 Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъин карда шуд.
Вобаста ба ин дар донишгоҳ ҷаласа доир гардид ва дар он Музаффар Давлатзода, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо ректори тозаинтихобро муаррифӣ намуд.
Мавсуф афзуд, ки ректори навтаъйин бо истифода аз неруи зеҳнӣ ва иқтидори кадрӣ фаъолияти муназзам ва густурдаи донишгоҳро бояд ба роҳ монад. Зеро таълимгоҳ даргоҳи муқаддас аст ва омӯзгорон рисолати басо бузург - омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи молия ва иқтисодро бар дӯш доранд.
Сипас Хайрзода Шукрулло баромад карда, аз аҳли коллективи меҳнатии донишгоҳ барои дастгирӣ ва фаъолияти пурсамарашон изҳори сипос намуд. Мавсуф афзуд, ки тайи 22 сол аст, ки дар ин донишгоҳ фаъолият менамояд ва ин ҳамчун хонаи дуюм барояш муқаддас аст.
-Ба он манзалат ва мақоме, ки расидаам, бо дастгирии аҳли коллективи меҳнатӣ аст.
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод даргоҳи муқаддас аст, зеро дар ин макон шахс аз нуқтаи назари зеҳнӣ ва рӯҳию равонӣ камолот ва ташаккул меёбад. Коллективи меҳнатӣ бояд устувор бошад, ҳар нафаре, ки дар ин ҷо кор ва таҳсил мекунад, бояд ба ба кор содиқ бошад. Ҳамаи он дастовардҳое, ки дар солҳои охир ба даст овардем, подоши заҳматҳои аҳли коллективи меҳнатӣ аст ва ман фахр мекунам, ки бо шумо якҷоя кор кардам, гуфт Хайрзода Ш.Қ., муовини вазири маориф ва илм.
Сипас ба аҳли меҳнати таълимгоҳ барои амалишавии ниятҳои ба нақшагирифташуда ба фаъолияти пурсамар ҳидоят кард ва дар ин ҷода барору комёбӣ хост.
Дар охир Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим, ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон баромад карда, барои ба ин вазифаи пурмасъулият боварӣ карда, таъйин намудани Роҳбари давлат арзи сипос намуда, бо қатъият изҳор дошт, ки дар иҷрои вазифа бо дастгирии коллективи тифоқи донишгоҳ тамоми донишу малака ва кӯшишу ғайрати хешро сарф менамояд ва сатҳу сифати таълиму тарбияро баланд мебардорад.
Машҳура Абдуллоева