Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Баррасии истифодаи самараноки захираҳои обию энергетикӣ

Баррасии истифодаи самараноки захираҳои обию энергетикӣ

Дар толори конфронсии донишгоҳ тибқи нақшаи дарси кушоди кафедраи фаъолияти биржавӣ санаи 19-уми феврали соли 2022 дарси кушоди доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ҳ. Исайнов дар мавзӯи «Самтҳои асосии истифодаи самараноки захираҳои обию энергетикӣ» баргузор гардид. 
Профессор муҳимияти дарсро баррасӣ ва алоқамандии онро бо ҳадафҳои стратегии кишвар баён намуд. Мавсуф бо маълумотҳои оморӣ ва тасвиру нақшаҳои мушаххас дарсро асоснок намуд. Дар идомаи дарс иброз намуд, ки имрӯз дар ҷаҳон зиёда аз 1 миллиард нафар аз норасоии захираҳои обӣ танқисӣ мекашанд ва агар ҳамин тамоюл идома ёбад, баъди 25-30 сол нисфи аҳолии кураи замин ба ин проблема рӯ ба рӯ мешаванд. Қайд карда шуд, ки зиёда аз 55% ҳавзаи баҳри Арал аз обу дарёҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Ӯ тақсимот ва истифодаи обро нисбати соҳаҳои иқтисоди миллӣ баён намуда, иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳама бештар об дар соҳаи кишоварзӣ истифода бурда мешавад. 
Дарс пурмазмун ва самаранок гузашт. 


Тағоймурод Эшзода