Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ дар факултетҳо

Таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ дар факултетҳо

Имрӯз, 22-юми феврали соли 2022 бо ташаббуси садорати факултетҳои молия ва қарз, муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ, иқтисод ва бизнес ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ-тарбиявӣ баргузор гардид, ки дар он раиси Шӯрои ветеранҳои ҷанг ва меҳнати ДДМИТ С. Ҳаитов, меҳмонон аз сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ Б. Эргашев, Б. Юсупов ва омӯзгорон – иштирокчиёни ҷанги Афғонистон О.Шомудинов, Ҳ Нозимов ва устодону донишҷӯён иштирок доштанд. 
Чорабиниҳоро деканҳои факултаҳо А.Нурализода, Қ. Муқимов, Б.Сатторов ва С.Темурбекова бо суханони табрикотӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати ин рӯзи таърихӣ ва фаромӯшнашавандаи миллати тоҷик табрик карданд. Онҳо дар баромади худ қайд намуданд, ки Артиши миллӣ дар ҳар давру замон чун кафолати рӯзгори осоишта ва зиндагии пурфароғати ҳар шаҳрванд аст. Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Баромадкунандагон С.Ҳаитов, О. Шомудинов, Ҳ.Нозимов аз таърихи Артиши миллӣ, нақши он дар таъмини сулҳу амният дар кишвар ва бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ дар ниҳоди ҷавонон истода гузаштанд. 

 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Гуфта шуд, ки сохторҳои мухталифи Артиши миллӣ рамзи олии ватану ватандорӣ, сипари воқеӣ аз таҳдидҳои ҳарбӣ ва пойдевори истиқлоли давлатӣ дар шароити рушди давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Аз ин нуқтаи назар, Артиши миллӣ дар шароити дигаргуниҳои нави ҷаҳонӣ барои кишвари мо нишонаи возеҳи истиқлоли сиёсии давлати тоҷикон, асоси пойдории давлат ва мазҳари идеалу ормонҳои таърихии миллат маҳсуб мешавад. Зеро ягон давлат бе артиши миллии муқтадиру муҷаҳҳаз пойдор буда наметавонад. 
Дар факултети молия ва қарз собиқадорон дар фарҷоми чорабинӣ ба донишҷӯи курси якуми ихтисоси кори бонкӣ Зоиршо Мардонов барои ишғоли ҷои якум дар мусобиқа аз намуди варзиши кикбоксинг ифтихорнома супориданд. 


Тағоймурод Эшзода