Хабарҳо
Таҷлили иди ҳомиёни ватан
«Артиши миллии мо дар тӯли солҳои мавҷудияташ аз озмоишҳои шадид гузашта, имрӯз ба як неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу оромӣ ва фазои осудаи кишвар табдил ёфта, баҳри ҳифзи боэътимоди марзу буми Тоҷикистони маҳбубамон собитқадамона рушд меёбад». Ин нуктаро Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим, ректори донишгоҳ дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангиву маърифатӣ, ки ба ифтихори 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 23 феврали соли равон доир гардид, таъкид намуд.
Ҷамъомади тантанавиро ректори донишгоҳ Абдуалимзода Ҳакимбек кушода, ҳамагонро бо ин ҷашни фархунда шодбош гуфт ва дар бораи таърихи ташаккул ва рушду такомули Қувваҳои мусаллаҳ дар замони соҳибистиқлолӣ истода гузашт. Ӯ, аз ҷумла қайд кард, ки мо сол ба сол шоҳиди пешрафт ва иқтидори баланди мудофиавии Қувваҳои Мусаллаҳ, таъмини артиш бо низомиёни касбӣ, беҳтар гардидани шароити хизмат мегардем, ки дар маҷмуъ, бозгӯи рушду такомули Артиши миллӣ аст ва дар он нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле калон аст. Зеро роҳбарияти мамлакат баҳри таҳкими қобилияти мудофиавии мамлакат, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳтар гардондани шароити моддию техникӣ ва хубтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Ин аст, ки имрӯз Артиши миллии мо ба як сохтори муташаккилу боэътимод ва неруи қодир ба ҳимояи давлат ва марзу буми Тоҷикистон мубаддал гардидааст,- гуфт ректор.
Гуфта шуд, ки феълан Тоҷикистон дорои Артиши миллии қавӣ ва сарбозону афсарони содиқу ҷоннисоре мебошад, ки метавон ба онҳо эътимод дошт.
Дар қисми тантанавии чорабинӣ чанд нафар ҷанговарони башардӯст ва собиқадорони мақомоти қудратии кишвар, аз ҷумла Ҳаитов С., Нозимов Ҳ., Давлатов М., Шодмонов М., Шомуддинов О., Насриддинов Ф., Зуҳуров М. ва Шокиров С. ба маблағи 500 сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар баробари ин барои фаъолияти бенуқсон ва саҳми арзанда доштан дар таълиму тарбияи насли наврас ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ба Саидов Б., мудири кафедраи математикаи олӣ ва Муминов Ф., ассистенти кафедраи менеҷмент нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» супорида шуд. Ба декани факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ Д.Хоҷазода барои фаъолияти хуби ҳизбӣ Сипосномаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино супорида шуд.
Дар қисмати фарҳангии ҳамоиш дастаи ҳунарии донишгоҳ бо сарварии Ҷӯрамуроди Муҳаммадназар ба аҳли нишаст суруду шеърҳои дилнишин, саҳначаҳои фарогири мавзӯи ватандӯстиро бо маҳорати баланд пешниҳод ва табъи ҳозиринро болида сохтанд.
Чорабинӣ дар фазои хушу ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ ҳусни анҷом пазируфт ва бояд гуфт, ки таҷлили рӯзи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ ин эҳтиром гузоштан ба сохти давлатдорӣ ва истиқлолияти давлатӣ буда, садоқати ҳар шаҳрвандро нисбат ба Ватан афзунтар мегардонад.
Машҳура Абдуллоева