Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Артиши миллӣ –сипари боэътимоди Ватан

Артиши миллӣ –сипари боэътимоди Ватан

Санаи 22-уми соли равон бо ташаббуси факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии донишгоҳ чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 
Декани факултет Давронҷон Хоҷазода вохӯриро бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, устодон ва донишҷӯёнро ба ин санаи фархунда шодбош намуд. 
Мавсуф қайд намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони соҳибистиқлолӣ буда, яке аз дастовардҳои муҳими давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Зеро таъмини сулҳу субот, осоиштагии мардум ва рушди бемайлони кишвари азизамон аз сипари боэътимоди Ватан вобастагии амиқ дорад. Бо шарофати ҷоннисориву корнамоиҳои ин ҳомиёни Ватан ҳар як сокини кишвар дар фазои осоишта ва эмин аз ҳар гуна хавфу хатар зиндагӣ ва фаъолият доранд. 

 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Дар идомаи чорабинӣ ба як зумра устодон ва донишҷӯён, ки фаъолияти самарабахш дошта, саҳми арзандаи худро дар баландбардории ҳисси ватандӯстӣ ва хештаншиносии ҷавонон гузоштаанд, ифтихорномаи факултет тақдим гардид. 
Чорабиниро барномаи рангини фарҳангӣ, ки саршор аз меҳру муҳаббат ва садоқат ба Ватан буд, ҷамъбаст намуд. 


Тағоймурод Эшзода