Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Муҳокимаи рисолаи номзадӣ дар назди кафедра

Муҳокимаи рисолаи номзадӣ дар назди кафедра

Бо таъсиси Шӯрои диссертатсионӣ дар назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон шароит фароҳам омад, ки устодон, унвонҷӯён ва докторантон дар самти ҳимояи рисолаҳои номзадиву докторӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд. 
Санаи 19-уми феврали соли ҷорӣ рисолаи номзадии аспиранти кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкории Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Саидаҳтам Халифазода дар мавзӯи «Такмили механизми маъмурикунонии андоз дар шароити иқтисоди бозорӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)» зери роҳбарии дотсенти кафедраи молияи донишгоҳ Эмомалӣ Шералиев дар муҳокимаи якҷояи кафедраҳои андоз ва андозбандӣ, молия ва иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкории донишгоҳ баррасӣ гардид. Дар рафти муҳокима аспирант оид ба мубрамияти мавзӯи таҳқиқот, муаммоҳои ҷойдошта дар ин самт ва навгониҳои таҳқиқот изҳори андеша намуд. Муҳаққиқ ба суолҳои олимони соҳа посухҳои мукаммал дод. 
Дар муҳокима муқарризони расмӣ ва ғайрирасмӣ баромад намуда, барои боз ҳам муккамал гаштани таҳқиқоти мавзӯи мазкур ба аспирант Саидаҳтам Халифазода тавсияҳои муфид пешниҳод намуданд. 


Тағоймурод Эшзода