Хабарҳо
Аҳамияти низоми гумрукӣ дар рушди иқтисодиёт
Тибқи нақшаи дарсҳои кушоди омӯзгорони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2021-2022 рӯзи 21-уми феврали соли равон дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дарси кушоди профессори кафедраи фаъолияти гумрукӣ Фирӯз Насриддинов дар мавзӯи «Низоми гумрукӣ» баргузор гардид, ки дар он доираи васеи донишҷӯёни курсҳои 2, 3 ва 4-уми хадамоти гумрук, устодони кафедраҳои факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ҳузур доштанд.
Дар ҷараёни машғулият Насриддинов Фируз мазмуну муҳтавои низоми гумрукиро ҳамчун расмиёти муҳими гумрукӣ шарҳ дода, баён кард, ки низоми гумрукӣ барои рушди навъҳои фаъолияти иқтисодӣ, тиҷорати берунӣ ва пешбурди омори гумрукӣ аҳамияти бузург дорад. Ҳамзамон устод дар бораи амалиёти барасмиётдарории гумрукиро ба донишҷӯён шарҳ дод.
Дар фарҷоми дарси кушод аз тарафи иштироккунандагон саволҳои зиёд пешниҳод гардид, ки ба онҳо аз ҷониби Фирӯз Насриддинов ҷавобҳои мушаххас гардонида шуданд. Машғулият дар сатҳи баланди касбӣ доир шуд.
Тағоймурод Эшзода