Хабарҳо
Кластер яке аз роҳҳои муҳими беҳсозӣ
Дар таърихи 24-уми феврали соли 2022 бо ибтикори раёсати илм ва инноватсия семинари доимамалкунандаи умумидонишгоҳӣ таҳти унвони «Муҳаққиқони ҷавон» дар мавзӯи «Хусусиятҳои минтақавии ташаккулёбии кластерҳои агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар мисоли вилояти Хатлон)» баргузор гардид, ки дар он сардори раёсати илм ва инноватсия Е. Мирзоева, декани факултети иқтисод ва бизнес Б. Сатторов, муовинони декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилаии факултетҳои донишгоҳ, мудирони кафедраҳо, устодону унвонҷӯён ва магистрантону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.
Семинари мазкурро Е. Мирзоева ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки таъсис ва ташаккули кластерҳо дар соҳаи агросаноатӣ яке аз роҳҳои муҳими беҳсозии таъмини аҳолии кишвар бо неъматҳои моддӣ, рушди мутавозини иқтисодӣ, баланд бардоштани рақобатнокии иқтисоди миллӣ, инчунин вусъатбахшии раванди гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ ба шумор меравад.
Тибқи нақша Ҷовидон Халифазода, унвонҷӯи кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ дар мавзӯи болозикр баромад намуд. Баромадкунанда аз тариқи презентатсия оид ба имкониятҳои рушди кластерҳои агросаноатӣ дар шароити минтақа, усулҳои таҳқиқ ва омӯзиши дарёфти муаммоҳои ташаккулёбии кластерҳои агросаноатӣ бо факту рақамҳои мушаххас ва амсилаҳои характери эҷодидошта баррасӣ намуд.
Дар музокира Е.Мирзоева, К.Шодиев ва Ф. Раҳимзода баромад карда, мубрам будани мавзӯи таҳқиқотро таъкид намуда, ҷалби бевоситаи унвонҷӯёнро барои минбаъд афсун гардонидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ қайд намуданд.
Тағоймурод Эшзода