Хабарҳо
Боздиди довталабон аз донишгоҳ
Бо мақсади ҷалби бештари довталабон ва муаррифии донишгоҳ рӯзи 24-уми феврали соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон чорабинии «Рӯзҳои дарҳои кушод» баргузор гардид, ки дар он хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ва навоҳии ба он наздик аз он дидан карданд. Ҳангоми боздид довталабон аз шарту шароити таҳсил дар факултаҳо, синфхонаҳои электронӣ ва лингофонӣ, толорҳои конфронсӣ, китобхона, хобгоҳҳо ва толорҳои варзишиву фарҳангӣ боздид намуданд.
Дар даромадгоҳи бинои асосии донишгоҳ гӯшаи махсуси тарғиботӣ таъсис дода шудааст, ки аз он довталабон маълумоти заруриро вобаста ба ихтисосҳои мавҷуда метавонанд гиранд. Тибқи нақша дар соли 2022-2023 донишгоҳ аз рӯи 46 ихтисос довталабонро қабул мекунад. Таҳсил дар шаклҳои рӯзона ва фосилавӣ аз рӯи дараҷаи бакалавр, магистр, доктор аз рӯи ихтисос PhD ва маълумоти дуюми олӣ роҳандозӣ гардидааст.
Тавре ба мо котиби комиссияи қабули донишгоҳ Сунатулло Нуриддинов иброз дошт, вобаста ба талаботи бозор имсол дар донишгоҳ чанд ихтисоси нав кушода шудааст, аз ҷумла иқтисодиёти рақамӣ, бехатарии иқтисодӣ, кибернетикаи иқтисодӣ, амнияти компютерӣ, идораи давлатӣ ва ҳуқуқ, идораи мақомоти маҳаллӣ. Дар гӯшаи тарғиботии ҳар як факултет мутасаддии вобаста ба ихтисос ба довталабон маълумоти пурра медиҳад.
Бояд қайд кард, ки имрӯз дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 9743 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки ба онҳо 21 нафар доктори илм, 151 нафар номзади илм, 199 нафар муаллими калон ва ассистентон дар маҷмӯъ, 371 нафар устодон ба фаъолияти таълимӣ машғуланд. Рӯзҳои дарҳои кушод дар донишгоҳ то санаи 26-уми феврали соли равон идома меёбад.
Тағоймурод Эшзода