Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Лаҳзаҳои дарс театрикунонидашуда буданд

Лаҳзаҳои дарс театрикунонидашуда буданд

«Фаъолгардонии донишҷӯён дар раванди дарс», - чунин ном дошт дарси кушоде, ки дар таърихи 21-уми феврали соли равон аз тарафи муаллими калони кафедраи забони русии донишгоҳ Ҷумъа Махшулов бо иштироки васеи устодон ва донишҷӯён доир гардид. 
Ҳангоми баргузории машғулият роҳҳои омӯзиши фанҳои забони русӣ, англисӣ, намоиши дониш, мантиқу андешаронӣ, маданияти нутқ, ислоҳи хатоҳои якдигар ҳангоми сохтани ҷумласозӣ бисёр нишонрас ва шавқманд буд. Саҳначае, ки аз тарафи донишҷӯён бахшида ба даъвати ҷавононба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пешкаши ҳозирин гардонида шуда, бо асбоби мусиқии гитара суруди «Катюша»-ро бо маҳорати баланд иҷро намудани донишҷӯён далолат аз он менамояд, ки забони русӣ чун забони муоширати байни миллатҳо дар ҷумҳурии мо мақоми хоса дорад. 
Тавре Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон таъкид намуданд, «… дар даҳ соли оянда ба мақомоти давлатӣ танҳо одамонеро ба кор гиранд, ки ду забони хориҷиро монанди забони модариашон медонанд». 
Омӯхтани забони русӣ барои ҳар як донишҷӯи имрӯза аз аҳамият холӣ нест. 


Тағоймурод Эшзода