Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Дарси кушоди сиёсатшиносӣ

Дарси кушоди сиёсатшиносӣ

Санаи 24-уми феврали соли равон дарси кушоди муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарӣ Сафарзода Фаридун аз фанни сиёсатшиносӣ бо донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси молия бо забони русӣ дар мавзӯи «Политические идеологии» баргузор гардид. Дар доираи мавзӯи зикргардида мазмуну муҳтавои идеологияҳои ҷомеаи муосир, хусусиятҳо ва ҷиҳатҳои мусбиву манфии онҳо баррасӣ шуданд. 
Қайд карда шуд, ки Тоҷикистон дар роҳи таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва фароҳам овардани шароитҳо барои рушди ҳаматарафаи шаҳрвандон корҳои зиёдеро ба анҷом расонида, демократикунонии ҷомеаро ҳадафи худ қарор додааст. Дар Тоҷикистон арзишҳои демократия зина ба зина ҷорӣ карда шуда истодаанд. 
Дар рафти дарс донишҷӯён фаъол буда, саволҳо дода, фикру андешаҳои худро озодона баён карданд. 
Дар фарҷоми дарс бо усули гузаронидани мини-тест сатҳи азхудкунии мавзӯъ аз ҷониби донишҷӯён муайян карда шуд. 
Дар дарси мазкур сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ, садорати факултет ва устодон иштирок доштанд. 


Тағоймурод Эшзода