Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Вохӯрӣ бо хатмкунандагон

Вохӯрӣ бо хатмкунандагон

Дар толори конфронсии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯёни курси чоруми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ санаи 24-уми феврали соли 2022 ҷамъомади «Хатмкунанда-2022» баргузор гардид. 
Онро декани факултет Д. Хоҷазода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки мақсад аз ташкили вохӯрӣ ин мусоидат ба рушди касбияти донишҷӯён ва хатмкунандагон, омода намудани онҳо ба таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ ва фаъолияти меҳнатӣ аз рӯи ихтисос, мусоидат ҷиҳати дарёфт ва таъмини хатмкунандагон бо ҷойи корӣ роҳандозӣ гардидааст. 
Дар доираи чорабиниҳо аз ҷониби мудири бахши таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбияти донишгоҳ Сулаймонзода Ш. маълумотҳои зурурӣ пешниҳод гардид. 
Зимни вохӯрӣ хатмкунандагон вобаста ба масъалаи таъмин гардидан бо ҷойи кор саволҳо дода, маълумоти мушаххас гирифтанд ва аз ин иқдом изҳори хушнудӣ намуданд. 
Ҷои зикр аст, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар донишгоҳ ҷиҳати амалисозии дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат дар самти бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолии мамлакат махсусан хатмкунандагони макотиби олӣ мусоидаткунанда мебошад. 


Тағоймурод Эшзода