Хабарҳо
Рушд ва такмили институтҳои молиявӣ
Рӯзи 26-уми феврал бо ибтикори Раёсати илм ва инноватсия ва кафедраи назарияи иқтисодӣ мизи мудаввари донишгоҳӣ дар мавзуи «Масъалаҳои рушд ва такмили институтҳои молиявӣ дар шароити саноатикунонии босуръат» баргузор гардид.
Онро бо суханони ифтитоҳи сардори Раёсати илм ва инноватсия Е.Мирзоева кушода, моҳияти саноатикунонии босуръатро ба ҳозирин шарҳ дод. Сипас, муовини директори департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъори Бонки миллии Тоҷикистон Фаррухрӯз Маҳмадалиев дар мавзуи «Нақши қарзҳои низоми бонкӣ дар татбиқи ҳадафи саноатикунонӣ» ва дотсенти кафедраи назарияи иқтисодии донишгоҳ Нурулло Муртазоев дар мавзуи «Масъалаҳои назариявӣ ва зарурати такмили институтҳои молиявӣ дар замони муосир» баромад намуданд.
Маърӯзачиён дар бораи низоми бонкӣ ва сохторҳои он, фоизҳои қарзҳои додашуда аз рӯи соҳаҳо, қарзҳои ғайрифаъол, хавфҳои қарзӣ ва харитаи хавфҳо баромад намуданд.
Зимни суханрониҳо қайд гардид, ки рушди соҳаҳои иқтисодиёт, фаъолнокии бахши хусусӣ ва гардиши савдои хориҷӣ аз низоми бонкӣ вобаста мебошад, вале то ҳанӯз дар самти татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, солимгардонии низоми бонкӣ ва пешниҳоди қарзҳои дастрасу дарозмуддат мушкилоти зиёди ҳалталаб боқӣ мондааст.
Ҳамагонро зарур аст, ки ҷиҳати зиёд намудани қарзҳои имтиёзноки дарозмуддат, хусусан барои соҳибкории истеҳсолӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои босифат, бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва гузариши пурра ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, инчунин, ҳарчи бештар ҷалб кардани сармояи дохиливу хориҷӣ ба низоми бонкӣ тадбирҳои қатъӣ андешанд.
Тағоймурод Эшзода