Хабарҳо
Озмуни «Рӯзғордорӣ» тақвиятбахши маърифати оиладорист
Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ноҳия маҳфили «Рӯзғордорӣ» ҷараён дорад. Дар робита ба ин, рӯзи 28 феврали соли равон ин маҳфил дар байни факултетҳои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон сурат гирифт, ки дар он донишҷӯдухтарон бо маҳорати баланд қобилияти пазандагӣ, дӯзандагӣ, ровигӣ, шеъргӯйӣ, сурудхонӣ ва рассомии худро намоиш доданд.
Озмунро ҳайати ҳакамон аз ҳисоби бонувони бонуфузи шаҳри Душанбе, ба монанди Заррина Зуҳурова, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи давлатии шаҳри Душанбе, Шаҳло Ҳасанзода, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Сино, Рухшона Юнусова, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино, Таҳмина Султонова, мудири бахши фарҳанги ноҳия баҳогузорӣ карданд.
Бояд гуфт, ки сатҳи омодагии донишҷӯдухтарони факултетҳо дар сатҳи диққатҷалбкунанда қарор дошт, дар факултети ҳисобдорӣ ва омор шеър дар васфи модар бо маҳорати фавкулода иҷро гардид. Дар факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ бошад, донишҷӯи курси 3-юм Парвина Ҳасанзода суруди «Алла»-ро хеле ҷолиб сароид.
Донишҷӯдухтарони факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ низ дар ороиши дастархон ва пухтупаз баҳо надоштанд. Онҳо дар ҳузури ҳайати ҳакамон хӯроки миллии шакароб ва хӯришҳои аврупоиро омода карда, маҳорати кадбонугии худро намоиш доданд. Донишҷӯи курси 1 Сино Қурбонов дар васфи модар суруди дилнавозе сароид, ки хеле таъсирнок буд.
Донишҷӯёни факултети иқтисод ва бизнес низ бо омодагии том баромад карданд, махсусан кадбонугии Гулчеҳра Абдуллоева, донишҷӯи курси 2, басо ҷолиб ва бо маҳорати баланд иҷро гардид. Мавсуф дар ҳузури ҳайати ҳакамон оши туппа бурида, аз он хӯроки миллӣ омода сохт. Ҳамзамон, аз ҷониби донишҷӯён ролик намоиш дода шуд, ки бозгӯйи эҳтирому ғамхорӣ нисбати модарон буд. Гурӯҳе аз донишҷӯён ба аёдати модарони яккаву танҳо ва барҷомонда рафта, аз ҳолу аҳволи онҳо хабардор шудаанд.
Аз ҷониби намояндагони факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт бошад, хони ороста аз хӯрокҳои миллии омоданамудаи донишҷӯдухтарон ба маърази тамошо монда шуда буд, ки бозгӯйи маҳорати кадбонугии духтарони факултет буд. Ҳамчунин, донишҷӯи курси 1-ум Шоҳона Ширинова шеър дар васфи модарро басо ҷолиб ва таъсирбахш қироат намуд, ки мақбули иштирокчиёни маҳфил гардид.
Донишҷӯёни факултети молия ва қарз бошанд, бо тайёрӣ ва намоиши хосса меҳмононро пешвоз гирифтанд. Дар он тамоми дастовардҳои факултет, анъанаҳои миллии ниёгон, дастархони ороёфта бо хӯрокҳои миллии омоданамудаи худӣ ба намоиш гузошта шуда буд. Инчунин, донишҷӯдухтарон дар ҳузури ҳозирин расми модарро бо маҳорати баланди суратгарӣ тасвир карданд. Дар иҷрои Марҷона Абдуллоева, донишҷӯи курси 2 суруди «Алла» басо ҷолиб сароида шуд ва Гесу Давронзода, донишҷӯи курси 4 таронаеро дар ситоиши модар хеле моҳирона иҷро намуд.
Ҳайати ҳакамон ба маҳорату истеъдод ва қобилияти донишҷӯдухтарони ҳамаи факултетҳо баҳои баланд доданд ва эҳёи анъанаҳои миллӣ ва хӯрокҳои миллиро талқин намуданд.
Озмун рӯзҳои наздик ҷамъбаст гардида, дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар ғолибон эълон ва бо туҳфаҳо мукофотонида мешаванд.
Бояд гуфт, ки озмуни «Рӯзғордорӣ» бо мақсади баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омодасозии ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани донишу малакаи касбомӯзӣ, ҳидояти ҷавондухтарон ба рӯзғордорӣ ва ба хотири арҷгузорӣ ба расму оини миллӣ, мероси ниёгон ва анъанаҳои миллии мардуми тоҷик гузаронида мешавад.
Машҳура Абдуллоева