Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳолат ва дурнамои содирот ва воридотивазкунӣ

Ҳолат ва дурнамои содирот ва воридотивазкунӣ

Дар кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ маҳфили донишгоҳии «Зеҳн» доир гардид. Дар он корманди дастгоҳи марказии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Маҳмудов дар мавзӯи «Ҳолат ва дурнамои Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Тоҷикистон» баромад намуд. Номбурда муҳтавои мавзуъро бо истифода аз тахтаи электронӣ ва слайд бо факту далелҳои оморӣ таҳлил карда, омилҳои мусоидаткунанда ба содироту воридотивазкунии имрӯзаи Тоҷикистонро ҳамаҷиҳата шарҳ дод. 
Дар музокира ва суолу ҷавобҳо З. Ҳалимхонов, муовини декан оид ба илм М. Буриева, мудири кафедраи муносибатҳои молиявию қарзии байналхалқӣ ва, инчунин донишҷӯёни курсҳои 2 ва 4-уми ихтисосҳои иқтисоди ҷаҳон ва менеҷменти байналхалқӣ фаъолона иштирок намуданд. 
Баргузории чунин маҳфилҳо ба баланд бардоштани савияи дониш ва ҷаҳонбинии донишҷӯён мусоидат намуда, барои дар оянда ба камол расидани кадрҳои болаёқат имкон фароҳам меоварад. 


Тағоймурод Эшзода