Хабарҳо
Ду дарси кушоди устодони як кафедра
Тибқи нақшаи дарсҳои кушоди ДДМИТ устодони кафедраи моделсозии математикӣ ва иттилоотӣ дарси кушоди дотсент Умар Воҳидов дар мавзуи “Усулҳои дурномасозӣ тавассути барномаи Эксел” (санаи 25-уми феврал) ва Шаҳриёр Турахонзода, ассистенти кафедраи мазкур дар мавзӯи “Усули симплексии ҳалли масъалаи барномасозии хаттӣ” (26-уми феврал) баргузор гардид.
Дар ҷараёни дарс У.Воҳидов аз тахтаи электронӣ васеъ истифода намуда, саволҳои дар мавзӯъ пешниҳодшударо бо масъалагузорӣ ва истифодаи таҳлили нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва вобастагии байни онҳо, сарчашамаҳои дастраскунии маълумоти оморӣ, модели тренд ва усулҳои дурнамосозӣ тавассути функсияҳои стандартӣ, имкониятҳои графикӣ ва истифодаи пакети “Таҳлили маълумот” дар муҳити барномаи Excel мавриди баррасӣ қарор дод.
Ш.Турахонзода дар машғулият оид ба мафҳумҳои асосии мавзӯъ, масъалагузории даромаду хароҷоти оптималии корхона, муайяннамоии маҳдудиятҳо ва қадамҳои дарёфти ҳалли усули симплексии барномасозии хаттӣ қайд карда гузашт.
Дар раванди дарс аз тарафи донишҷӯён ва иштирокчиён саволҳо пешниҳод гардиданд, ки устодон ба таври мушаххас ба саволҳо ҷавоб гардониданд.
Яке аз ҷузъҳои муҳимми раванди таълим ин гузаронидани дарси кушод мебошад. Иштироки устодон ва донишҷӯён дар ин дарсҳо ба баланд бардоштани маҳорати дарсдиҳӣ ва усулҳои нави таълим оварда мерасонад ва эшон аз таҷрибаи якдигар хабардор шуда, дар вақти зарурӣ аз методикаи мушоҳидашуда дар дарсҳои худ истифода бурда метавонанд.
Тағоймурод Эшзода