Хабарҳо
Ҳар ки бо забони худ забондон гардад
Бо иштироки донишҷӯёни курси дуюми ихтисоси иқтисоди ҷаҳони факултаи муносибатҳои иқтисоди байналмилалии донишгоҳ санаи 26-уми феврали соли равон дарси кушоди мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ Гулпарӣ Ҳусейнова аз забони фаронсавӣ баргузор гардид.
Аввалан муаллима пурсишро аз вазифаи хонагӣ оғоз намуда, пасон ба фаҳмонидани мавзуи нав «Замони гузашта» тавассути тахтаи электронӣ ба донишҷӯён муҳтавои дарсро фаҳмонда, ҳангоми мустаҳкамкунии он бо истифода аз кортҳо, матни иқтисодӣ ва ҳалли крассворд роҳандозӣ шуд, ки дар ин навбат низ донишҷӯён қариб ҳама фаъол буданд ва дарсро бо забонҳои фаронсавӣ, англисӣ ва тоҷикӣ ҷавоб доданд. Онҳо дар тахтаи синф ҷумлаҳоро бо забони фаронсавӣ дар замони гузашта навиштанд ва крассвордро ҳал намуданд.
Дарс пурмазмун ва шавқовар гузашт.
Тағоймурод Эшзода