Хабарҳо
Мубориза бо коррупсия вазифаи ҳамагон аст
Санаи 1-уми марти соли равон Раёсати илм ва инноватсия дар ҳамбастагӣ бо кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионии факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии донишгоҳ дар мавзӯи “Сиёсати зиддикоррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” зермаҳфили “Зеҳн” баргузор намуд, ки дар он дотсенти кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва хизмати давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ.Рустамзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Сараввал декани факултет Д.Хоҷазода ба сухан баромада, қайд намуд, ки мубориза бар зидди коррупсия яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ мебошад, ки дар он ҳар як нафар бояд иштирок кунад ва бетараф набошад. Аз ин рӯ, зарурати муайян кардани хусусиятҳои ҳуқуқӣ ва чораҳои пешгирии онҳо дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон шарти ҳатмӣ ба ҳисоб меравад.
Ҷ.Рустамзода дар мавзуи болозикр баромад намуда, баргузории маҳфили илмии мазкурро заминаи хуби ташаккули донишҳои илмии омӯзгорону донишҷӯён дониста, онро василаи хуби табодули таҷриба байни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар донист ва иброз дошт, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ торафт ба кирдорҳои коррупсионӣ олуда мегарданд, ки ин зуҳурот ҷомеаи ҷаҳон ва ҳамзамон Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ ба ташвиш овардааст.
Ҳамзамон ӯ ишора кард, ки бо мақсади пешгирии коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисодиёт ва коррупсия» бароварда ва коррупсияро ҳамчун хатари ҷиддӣ барои давлатдории тоҷик, низоми хидмати давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ эълон намуда буданд.
Қайд карда шуд, ки коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад ва баргузории ин қабил чорабиниҳои маърифатӣ барои пешгирии ин зуҳурот нақши бориз дорад.
Тағоймурод Эшзода