Хабарҳо
Ҷое ки зан кор мекунад, он ҷо гулистон мешавад
Имрӯз дар толори конфронсии ДДМИТ ҷаласаи ҳисоботӣ ва натаҷагирӣ аз фаъолияти Шӯрои кор бо занон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳ дар соли 2021 ва вазифагузориҳо барои соли 2022 баргузор гардид. Ҷаласаро муовини ректор оид ба тарбия Қодирова Бунавшамоҳ кушода, ҳозиринро бо ҷашни дарпешистодаи бонувон табрик намуда, саҳми занону бонувони донишгоҳро дар таълиму тарбия назаррас хонд. Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки дар он бонувони тоҷик фаъолияти пурсамар надошта бошанд.
Раиси Шӯрои занон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳ Тахмина Умаралиева ба сухан баромада, дар бораи фаъолияти яксолаи Шӯро, саҳми онҳо дар баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангии «Шоми ҷавонон», «Зан ва фарҳанги сиёсӣ», «Масъалаҳои гендерӣ», ҷашни байналмилалии Наврӯз, «Сайри гули лола», «Кадбонуи беҳтарин», барномаи «Дунё пур аз ҷавонист»-и Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина», фестивали «Сад ранги чакан», «Сӣ ахтари дурахшон», «Маърифати оиладорӣ», «Ҷойгоҳи зани тоҷик дар ҷомеаи муосир», «Фурӯғи андешаҳо» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ» қайд намуд. Мавсуф гуфт, ки имрӯз дар донишгоҳ 6 донишҷӯдухтари ятими кулл ва 7 духтари маъюб таҳсил менамоянд, ки ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти донишгоҳ қарор доранд. Феълан дар донишгоҳ 3 нафар донишҷӯдухтарон гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҶТ, 2 нафар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, 6 нафар ширкатҳои «Ғаюр-семент», «Моҳир-семент» ва «Ёвар» мебошанд. Дар ин баробар, соли гузашта як нафар донишҷӯдухтар ба ҷоизаи ҷумҳуриявии «Беҳтарин волонтёри соли 2021» қадрдонӣ гардида, 4 нафар иштирокчии олимпиадаи байналмилалии Сочии Федератсияи Руссия, 8 нафар иштирокчии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ буданд. Аз 16 нафар донишҷӯёни мо, ки дар курси «Пайравони Пешвои миллат» мехонанд, 6 нафарашон донишҷӯдухтарон мебошанд.
Дар музокироти ҷаласа сардори раёсати илм ва инноватсия Евгения Мирзоева, раисони Шӯрои бонувони факултетҳо Давлатбахт Фозилова, Зебо Ҷиҳонова, Савсан Султонова ва ҳамшираи нуқтаи тиббӣ Меҳрона Ҳакимова баромад намуда, фикру ақида ва пешниҳодҳои худро нисбати кори Шӯро иброз намуданд.
Бояд қайд кард, ки имрӯз дар донишгоҳ 240 нафар занону духтарон фаъолият менамоянд ва 2500 нафар донишҷӯдухтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Тағоймурод Эшзода