Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Вохӯрӣ судманд буд

Вохӯрӣ судманд буд

Тибқи нақшаи корӣ чанде пеш вохӯрии Давлат Ғафорзода, роҳбари дастгоҳи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо донишҷӯёни факултетҳои менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ, молия ва қарз, муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ, ҳисобдорӣ ва омор, Шӯрои занон ва донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон баргузор гардид, ки хеле гуворову судманд гузашт. 
Номбурда ҳангоми баромадҳояш қайд намуд, ки ҷавонон неруи созанда ва ояндаи миллат маҳсуб меёбанд. Аз ин ҷиҳат Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон таваҷҷуҳи хос доранд ва онҳоро доимо ҳавасманд ва дастгирӣ менамоянд. Ин аст, ки дар масъалаи таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон ҳамаи шароитҳо дар макотиби олӣ муҳайё сохта, барои донишандӯзии онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд. 
Дар навбати худ, донишҷӯён иброз намуданд, ки сиёсати Пешвои миллатро ҳаматарафа дастгирӣ намуда, тамоми кӯшишу ғайрати худашонро барои сохтани ҷомеаи озоду ҳуқуқбунёд сарф хоҳанд намуд. 
Гузаронидани чунин вохӯриҳои судманд бо донишҷӯён яке аз самтҳои муҳими фаъолияти кормандони раёсати тарбия ба ҳисоб рафта, бо ин васила метавон дар пешгирӣ аз амалҳои номатлуб ва тарбияи ҷавонон дар роҳи дуруст ва бо ҳисси ватандӯстии онҳо такони ҷиддиеро ворид намуд. 


Тағоймурод Эшзода