Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Боксчии ДДМИТ ғолиби мусобиқаи шаҳр

Боксчии ДДМИТ ғолиби мусобиқаи шаҳр

Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе чемпионати кушод оид ба бокс баргузор гардид, ки дар он Шоҳин Нусратзода, донишҷӯи курси 4 факултети иқтисод ва бизнеси ДДМИТ дар вазни 48 кг иштирок ва ғолиб омада, сазовори ҷойи 1-ум гардид. 
Ӯ бо Димломи дараҷаи 1 ва медал мукофотонида шуд. 
Ин ғолибияти аввалини Шоҳин набуда, ӯ дар чандин мусобиқаҳои варзишӣ дар сатҳи шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойи ифтихорӣ гардидааст. 
Шоҳин дар назди Беҳрӯз Азизқулов, муаллими калони кафедраи варзиш ва мудофиаи гражданӣ тамрин менамояд.
Ӯ мақсад дорад, ки минбаъд низ дар мусобиқоти варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, ғолибият ба даст орад. 
Мо ба Шоҳин Нусратзода дар ин ҷода комёбиҳои навинро таманно дорем.