Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Аҷдодони мо китобро муқаддас медонистанд

Аҷдодони мо китобро муқаддас медонистанд

Чанде пеш вохӯрии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо намояндагони “Хонаи дониш” баргузор гардид, ки он ба мавзӯи “Ҷавонон ва илмҳои муосир” бахшида шуд. 
Сараввал ҷамъомадро сардори Раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ Абдулло Давлатзода кушода, меҳмононро хайра мақдам гуфт ва дар бораи аҳамияти китобу китобхонӣ, баланд бардоштани савияи дониши ҷавононба воситаи мутолиаи китоб изҳори ақида намуд. Ҳамзамон иброз дошт, ки аҷдодони мо аз қадим бо китобу китобхонӣ арҷ гузошта, онро муқаддас медонистонд ва ин анъана то ба рӯзҳои мо идома дорад. 
Дар ҷамъомади мазкур директори “Хонаи дониш” Ҷума Ҷумаев, директори фонди хайриявии “Чашмаи умед” Мадина Боймуродова, соҳибкор, ташкилкунандаи корхонаи шири “Зафаробод” Ҷомӣ Шаропов, роҳбари филиали “Хонаи дониш” “Кор ва саёҳат дар Аврупо” Шомаҳмад Қузиев ва маъмурияти “Хонаи дониш” Мавзуна Зарипова иштирок намуда, дар бораи муҳимияти китобу китобхонӣ бо истифода аз слайд ва дигар асбобҳои аёнӣ баромад намуданд, ки барои донишҷӯён хеле диққатҷалбкунанда буданд.


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Мақсади вохӯрӣ ҷалби донишҷӯён ба китобхонӣ ва тарғиби дониш ва китоб мебошад. 
Донишҷӯён аз ин вохӯрӣ ба худ як ҷаҳон таассуроти хуб бардоштанд. 


Тағоймурод Эшзода