Хабарҳо
Эҳтироми зан-модар дар факултети МИБ
Ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар бо ибтикори садорати факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ рӯзи 4 марти соли равон барномаи ҷолиби фарҳангию маърифатӣ доир гардид. Онро бо сухани муқаддимавӣ декани факултет Қутбиддин Муқимов кушода, аҳли толорро бо Рӯзи Модар муборакбод намуд ва дар бораи бузургии модар чанд сухан гуфт. Ӯ иброз дошт, ки нақши Зан-Модар дар рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бузург аст ва махсусан дар таълиму тарбияи насли наврас мавқеи бориз дорад. Фарзанд, асосан, аз модар таълиму тарбия мегирад. З-ин рӯ, ба модар эҳтиром гузоштан қарзи ҳар як фарзанд аст, - гуфт Муқимов Қ.
Сипас, Абдулло Давлатзода, сардори Раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ баромад намуда, афзуд, ки имрӯзҳо Рӯзи Модар дар вазъияти басо ҳассосу тунди баъзе кишварҳои собиқ ИДМ ҷашн гирифта мешавад, ки боиси ашкрезии модарон гардидааст. Вале мо бо он шукрона мекунем, ки дар кишвари осудаю ором зиндагӣ дорем ва модарони мо дар рушду нумӯи кишвар саҳми босазо мегузоранд. Мавсуф манзалати Зан-Модарро бо қироати шеъре ифода ва вазъи имрӯзаро хеле ҷолиб тасвир намуд.
Дар идома Евгения Мирзоева, сардори Раёсати илм ва инноватсия бонувонро бо Рӯзи Модар муборакбод намуда, аз давлату Ҳукумати кишвар ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуд, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ эътибори зани тоҷик боло бардошта шуд ва феълан бонувон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ фаъолияти самаранок доранд, аз он ҷумла дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ ба таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи молия ва иқтисод, корҳои илмию тадқиқотӣ машғуланд.
Дар қисмати бадеии чорабинӣ барномаи ҷолиби адабию бадеӣ иборат аз рақсу суруд, саҳначаҳои маърифатӣ ва ҳаҷвӣ, ки фарогири панду андарзҳо дар ситоиши модар буд, ба тамошобинон пешкаш гардид, ки басо ҷолибу диданӣ ва таъсирбахш буд. Қобили қайд аст, ки тамоми барнома мазмуни баланд дошта, барои эҳтирому пос доштани модар омода гардида, бо маҳорати баланд ва ҳиссиёти амиқ пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Дар охир Муқимов Қ. ва Давлатзода А. ба сухан баромада, як бори дигар дар бораи манзалати Зан-Модар ёдовар шуда, бонувонро бо ин ҷашн муборакбод ва ба барномаи омоданамудаи донишҷӯён бо роҳбарии Мавҷуда Давлатова, эдвайзер оид ба корҳои тарбиявии факултет баҳои баланд доданд.
Ҳамин тавр, ҳамоиши фарҳангии донишҷӯёни факултети МИБ дар сатҳи олӣ ва хеле ҷолиб ба анҷом пазируфт.
Машҳура Абдуллоева