Хабарҳо
Тараннуми меҳри Модар
Ба ифтихори Рӯзи Модар санаи 5 март дар донишгоҳ чорабинии фарҳангиву маърифатии бошукуҳ доир гардид. Онро бо сухани табрикотӣ муовини ректор оид ба илми таълимгоҳ Баҳром Сафаров кушода, табрикоти раёсати донишгоҳро ба ҳозирин расонид. Мавсуф бо ҳиссиёти баланд ва самимияти беандоза дар бораи бузургии Модар сухан гуфта, аз қаҳрамониҳо ва ҷонбозиҳои зани тоҷикро аз қадим то замони мо ёдрас шуд ва барои тақвияти фикр аз бузургон ҳикматҳо овард. Ӯ аз ҷумла иброз дошт, ки Рӯзи Модарро бо омад-омади баҳор ҷашн мегиранд ва ин ҳам ҳикмате дорад, зеро зану зебоӣ ва шукуфоӣ инҳо ҳама тавъаманд. Мавсуф дар асоси андарзҳо баҷоории ҳурмату эҳтироми модарро талқин дошт.
-Барои инсон аз ҳама шахси азизтарин ин Модар аст ва меҳру муҳаббати ӯ ивазнашаванда буда, бемисл мебошад. Он лутфу меҳрубонӣ ва муҳаббате, ки модар нисбати фарзанд дорад, ягон каси дигар онро надорад ва барои ин ҳама ғамхориҳо бояд ӯро азизу мукаррам донем, гуфт Сафаров Б.
Воқеан ҳам, имрӯз манзалату ҷойгоҳи Зан-Модари тоҷик ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеа боло рафтааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ин самт амалӣ гардида, барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд.
Сафаров Б дар идома аз фаъолияти пурсамари бонувони донишгоҳ ёдрас шуда, нақши онҳоро дар пешрафти таълимгоҳ ва болобурди таълиму тарбия муҳим арзёбӣ кард.
Дар идома ба чанд нафар устодону кормандзанони фаъол, ба мисли Мирзоева Е., сардори раёсати илм ва инноватсия, Давлатшоева З., мудири кафедраи иқтисоди ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ, Орифҷонова В., устоди кафедраи фанҳои табиатшиносӣ, Султонова С., устоди кафедраи баҳисобгирии мусоҳибӣ, Содиқова Б., устоди кафедраи забони русӣ, Ҳомидова Қ., дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ, Сайидалиева Г., устоди кафедраи забонҳои хориҷӣ, Ҳомидова М., устоди кафедраи менеҷмент, Лоиқова М. ва Сафарова М., кормандони хоҷагӣ бахшида ба Рӯзи Модар барои комёбиҳо ва фаъолияти бенуқсон дар таълиму тарбияи насли наврас дар вазъияти тантанавӣ Ифтихорнома супорида шуд.
Дар баробари ин, аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино барои ҳамкорӣ ва саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи насли наврас ба Тешаева Х., Ҳакимова М., Латипова Г., Абдусатторзода С. Сипоснома супорида шуд.
Инчунин, аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм ба Давлатова М., эдвайзер оид ба корҳои тарбиявии факултети МИБ Ифтихорнома тақдим гардид.
Ҳамзамон озмуни «Рӯзғордорӣ», ки чанде қабл бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ноҳия гузаронида шуда буд, ҷамъбаст гардида, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон сазовори ҷойи якум гардид ва бо Ифтихорнома мукофотонида шуд.
Фестивал-озмуни «Рӯзғордорӣ» дар байни факултетҳо низ натиҷагирӣ гардида, ғолибон – шоҳҷоиза молия ва қарз, ҷойи аввал факултетҳои муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ ва факултети иқтисод ва бизнес, ҷойи дувум менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ, ҷойи севум факултетҳои ҳисобдорӣ ва омор ва технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт дониста шуда, бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.
Дар охир аз ҷониби шуъбаи фарҳанг бо роҳбарии Ҷурамуроди Муҳаммадназар дастагули консертӣ иборат аз рақсу суруд, шеъру саҳначаҳои ҳаҷвӣ манзури тамошобинон гардонида шуд, ки бозгӯи меҳру муҳаббат ва ҷойгоҳи баланди Зан-Модар буд ва бо касбияти баланд иҷро гардиданд.
Машҳура Абдуллоева