Хабарҳо
Дарси кушод бояд даққатҷалбкунанда бошад
Тибқи нақшаи дарсҳои кушоди омӯзгорони ДДМИТ, санаи 4-уми марти соли равон дарси кушоди дотсенти кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ Саъдихоҷа Маъдиев дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами татбиқ намудани баҳисобгирӣ дар ташаккулёбии модели индустриалӣ-инноватсионии рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо донишҷӯёни курси 4-уми факултети ҳисобдорӣ ва омор баргузор гардид, ки дар он ҷиҳатҳои муҳими таълими фанни баҳисобгирии муҳосибӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бояд гуфт, ки мазмун ва мундариҷаи дарси кушод аз нигоҳи таълимӣ-илмӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ хеле пурмуҳтаво буд. Зеро коркарди маҷмуи таълимию методӣ бо нишон додани сохт ва таркиби онҳо, вобастанамоӣ ба мавзуи фанни таълимӣ, ба эътибор гирифтани нуктаҳои муҳими сиёсати рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарҳи моделҳои баҳисобгирии муҳосибии давлатҳои мутараққӣ ва пешниҳоди муаллифии модели баҳисобгирии муҳосибӣ, ки ҷузъиёти навгонӣ дорад, дар дарс ҷолиби диққат буданд.
Ҷараёнгирии дарси кушод аз чор қисмати асосӣ иборат буд, ки ташаккулёбии салоҳиятнокии касбиро аз нигоҳи азхудкунии раванди таълим дар робита бо ақидаҳои олимон ва коршиносони соҳа ва мактабҳои маъмули ҳисобдорӣ дар шароити муосир аз тариқи усули тавозуншиносӣ бо далелҳои мушаххас ва маълумотҳои омори расмӣ дар бар мегирифт. Дарси кушод бо хулосабарориҳои мантиқӣ, пурсишу посухҳои хеле бамаврид ва таъсирбахш хотима ёфт ва бори дигар имконияти хуби корбарӣ аз ҷониби устодон, алалхусус устодони ҷавонро нишон дод.
Тағоймурод Эшзода