Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таҷлили Рӯзи модарон дар факултети ТИИ

Таҷлили Рӯзи модарон дар факултети ТИИ

Санаи 4-уми марти соли равон дар факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт бахшида ба чорабинии тарбиявӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. 
Чорабиниро декани факултет С.Д. Темурбекова ҳусни оғоз бахшида, аҳли нишастро бо фарорасии фасли баҳор ва Рӯзи Модарон табрик намуд. 
-Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии Зан-Модар вобаста мебошад, гуфт декан. 
Гуфта шуд, ки модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯи олам аст. Бузургии Зан-Модар дар он таҷассум мегардад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. 

imdtidi401.jpg


Сипас, аз ҷониби донишҷӯён барномаи фарҳангӣ, аз қабили саҳнача, рақс, қироати шеър ва маъруза дар васфи модар пешниҳод гардид. 
Дар фарҷоми чорабинӣ сардори Раёсати тарбияи донишгоҳ Абдулло Давлатзода баромад намуда, қайд кард, ки Рӯзи 8-уми мартро ҳамчун санади эҳтиром ба ҳамон ҷашнвораи миллии ниёгони шарафманди мо "Рӯзи Модар" эълон намуданд. Тадбири мазкур аз сӯи дигар бар он ишорат мекунад, ки дар низоми сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон низ беҳтарин анъана ва суннатҳои фарҳанги қадимаи миллии мо мавриди татбиқ қарор гирифта, мақоми бонувон бар асоси ситоишномаҳои донишварону соҳибназарон дар ҷойгоҳи хосае қарор гирифтааст. 





Гурезов Ш.И., эдвайзер оид ба тарбияи факултет