Хабарҳо
Арҷгузорӣ ба манзалати зан-Модар
Ба ифтихори Рӯзи Модар 7 марти соли равон бо ташаббуси факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Дасти дуои модар» доир гардид. Онро декани факултет Даврон Хоҷазода ифтитоҳ ва бонувону духтаронро бо ин ҷашн шодбош гуфт. Ӯ қайд намуд, ки зани тоҷик табиатан тарбиятгари тавоно буда, бо хоксориву меҳрубониаш марҳами дили дардмандон аст. Ин аст, ки модарону хоҳарони азизи мо рисолати хешро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ сарбаландона ба ҷо оварда, сазовори ҳурмату эҳтироми баланди аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидаанд.
Сипас аз ҷониби Нигора Солиева, дотсенти кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ, молиявӣ ва зиддикоррупсионӣ дар мавзуи «Ҳуқуқ ва мавқеи зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза пешниҳод гардид, ӯ бо овардани асноди ҳуқуқӣ донишҳои ҳуқуқии ҳозиринро тавсеа бахшид. Н. Солиева қайд намуд, ки агар дар бобати бузургии зан ва мақому манзалати он дар ҷомеа борҳо сухан гӯем, боз ҳам басанда нест.
Дар доираи амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади тақвият бахшидан ба мавқеи занон дар ҷомеа ва фаъол гардонидани нақши онҳо як қатор қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаву барномаҳои давлатӣ оид ба тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ба тавсиб расида, қабул гардидаанд, ки нишонаи амиқи иродаи сиёсии роҳбарияти давлат дар самти боло бурдани мавқеи занон дар ҷомеа маҳсуб меёбад.
Яке аз санадҳои нодир ва тақдирсоз оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» мебошад. Илова бар ин, таъмини воқеии баробарҳуқуқии мардону занон ва кафолати давлатии баробарҳуқуқи ва имконияти баробари амалигардонии онҳо дар қонунҳои соҳавӣ, ки такмилдиҳандаи меъёрҳои конститутсионӣ мебошанд, боз ҳам мустаҳкам гардонида шуданд, гуфт баромадкунанда.
Дар идома аз ҷониби раёсати факултет чанд нафар бонувон ва донишҷӯдухтарони фаъол, ба мисли Қосимова С., Мирзоева Е., Умаралиева Т., Солиева Н., Бобоева М. бо Ифтихорнома қадрдонӣ карда шуд.
Дар қисмати фарҳангии барнома, ки дар иҷрои гулдухтарони факултет дар васфи модар шеърхонӣ ва сурудхонӣ пешкаши тамошобинон гардонида шуд.
Бояд гуфт, ки базми идона ифодакунандаи меҳру муҳаббат, ситоиш, арҷгузорӣ ва таваҷҷуҳи беандоза ба бузургию манзалати зан-Модар буд.
Машҳура Абдуллоева