Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Рӯнамоии Шӯрои диссертатсионӣ дар ДДМИТ

Рӯнамоии Шӯрои диссертатсионӣ дар ДДМИТ

Имрӯз рӯнамоии Шӯрои диссертатсионии 6Д.КОА-014-и назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон баргузор гардид, ки бо фармоиши КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022 таҳти №13/шд таъсис ёфтааст. 
Онро Баҳром Сафаров, муовини ректор оид ба илм кушода, таъсисёбии Шӯрои диссертатсиониро дар назди донишгоҳ имконияти хуби омодасозии кадрҳои илмӣ ва тақвият бахшидани иқтидори илмии таълимгоҳ аз ҳисоби унвонҷӯёни ҷавон донист. 
Мавсуф аҳли нишастро бо аъзоёни Шӯро, ки дар умум 15 нафарро ташкил намуда, аз ҳисоби докторони илми иқтисод ва номзадони илм ва олимони варзидаи соҳа иборатанд, ошно намуд. Ӯ таъкид кард, ки мувофиқи талаботи КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаҳои илмӣ аз ду зинаи ташхис мегузаранд ва вобаста ба ин дар назди Шӯрои диссертатсионӣ Шӯрои машваратӣ таъсис дода шудааст, ки 21 нафар аъзо дошта, олимони соҳаи иқтисодиёт ва забоншиносиро дар бар мегирад. 
Баъдан, Фақиров Ҳ., д.и.и., профессор, раиси Шӯрои диссертатсионӣ баромад намуда, аз аъёзони Шӯро даъват ба амал овард, ки ба кори он бо ҷиддият оғоз бахшанд, он камбудиҳое, ки дар фаъолияти кори Шӯрои қаблӣ ба назар мерасид, бартараф карда шуда, дигар ба он роҳ надоданро талқин намуд. 
shdis401.jpgПрофессор гуфт, ки мавзуи рисолаҳои илмии ба Шӯро пешниҳодшаванда бояд фарогири доираи мавзуъҳои нақшавӣ ва самти тадқиқоти донишгоҳ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд ва дар амалия татбиқ карда шаванд. Шӯрои диссертатсионӣ имконияти хубест барои таҳкими мавқеи донишгоҳ дар фазои илмии кишвар ва бояд манфиатҳои умумимиллиро дифоъ намояд. 
Сипас, аъзои Шӯрои диссертатсионӣ Ҳ. Умаров баромад карда, дар бораи беҳтаршавии сифати рисолаҳои илмӣ, такрор нашудани мавзуъҳо ва назарияҳои илмӣ сухан гуфт. Профессор иброз дошт, ки мавзуъҳои таҳқиқшаванда бояд хусусияти инноватсионӣ ва аҳамияти макроиқтисодӣ ва миқроиқтисодӣ дошта бошанд. Ӯ таклиф намуд, ки дар Китобхонаи илмии донишгоҳ бояд маҷаллаҳои маъруфи илмии иқтисодиро гирд оварда, барои муҳаққиқон пешниҳод намоянд ва онҳо дар корҳои илмиашон аз онҳо ҳатман истифода ва иқтибос оранд. 
Ҳамин тавр, фаъолияти Шӯрои диссертатсионии 6Д.КОА-014-и дар назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (РhД) - доктор аз рӯйи ихтисос доир ба ихтисосҳои 6Б050600 – Иқтисодиёт, (60050606 - Иқтисодиёти минтақавӣ ва ҳудудӣ ва 6Б050611 - Хизматрасонӣ дар соҳаҳои илм, маориф ва иҷтимоиёт) ва 6Б050900 - Молия (60050901 - Молия, муомилоти пулӣ ва қарз) ва барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯи ихтисосҳои 08.00.03 - Иқтисодиёти минтақавӣ ва ҳудудӣ, 08.00.05 - Иқтисодиёти соҳаҳои хизматрасонӣ (08.00.05.02 - Хизматрасонӣ дар соҳаҳои илм, маориф ва иҷтимоиёт) ва 08.00.07 - Молия, муомилоти пулӣ ва қарз оғоз ва он то 5 сол муқаррар гардидааст. 


Машҳура Абдуллоева