Хабарҳо
Модарон ва бонувони гиромӣ!
Дар ин рӯзҳои баҳорӣ бо ихлосу самимияти хосса ҳамаи Шуморо ба муносибати Рӯзи Модар муборакбод гуфта, бароятон тансиҳативу саодатмандӣ, бахту иқболи баланд ва хушрӯзиҳоро таманно дорам.
Бо омад-омади баҳорон ҷашн гирифтани Рӯзи Модар басо рамзист, зеро баҳору зиндагӣ ва Модар бо ҳам тавъаманд. Таҷлили ин рӯз ин нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба Зан-Модар буда, бузургии ӯро бори дигар нишон медиҳад. Зан-Модар ба мисли баҳори пурнакҳату муаттар таҷассумгари ободкорӣ буда, бо нияту орзуҳои нек фарзанди худро ба камол мерасонад ва ӯро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан ҳидоятгар аст. Шахс нахустин дарси одамияту худшиносиро аз модар меомӯзад ва тавассути суханони пурҳикмати ӯ соҳиби маърифат мегардад.
Модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дӯстдорист, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс аст. Модар аз азал ва дар ҳама давру замон иззату икром ва эҳтироми хоссаро сазовор буду ҳаст ва хоссатан дар замони соҳибистиқлолӣ мавқеъ ва манзалати зани тоҷик боло рафт, ки ин аз таваҷҷуҳу дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. Имрӯз модари тоҷик баробари иҷрои рисолати аслии хеш, яъне тарбияи насли наврас, инчунин, дар тамоми соҳаҳо кору фаъолият менамояд ва барои ободии кишвар саҳми басо арзишманд дорад. Нақши занону модарон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва таҳкими оилаҳо басо муҳиму арзишманд аст.
Боиси ифтихори мост, ки дар донишгоҳ низ аз ҳисоби бонувон омӯзгорону кормандон кору фаъолияти пурсамар доранд, ки дар баланд бардоштани савияи донишу малакаи ҷавонон саҳми арзанда мегузоранд. Ҳамзамон, донишҷӯдухтарони фаъол аз тамоми манотиқи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки мо бо онҳо ифтихор менамоем ва умед дорем, ки дар оянда низ фаъолияти пурсамари хешро вусъат мебахшанд.
Бори дигар Рӯзи Модар муборак бод, модарони арҷманди мо!
Ректори ДДМИТ Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим