Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Боздид аз намоиши «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ»

Боздид аз намоиши «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ»

Санаи 9-уми феврали соли равон бо мақсади шиносоӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ зиёда аз 250 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз намоиши «Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ» аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд. 
Дар намоиш беш аз 300 адад ашёи таърихии марбут ба миллати тоҷик аз Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» ва Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон ба тамошо гузошта шудаанд, ки фарогирандаи таърихи куҳани миллати тоҷик мебошанд. Дар намоиш ашёи таърихӣ аз ёдгориҳои ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шуданд. Намоишгоҳ имкон медиҳад, то шаҳрвандону меҳмонони кишвар низ аз он дидан намуда, бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик аз наздик шинос шаванд. 
Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон зери унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи ҳунарҳои осиёии «Гиме»-и шаҳри Париж 13 октябри соли 2021 бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон ба шарафи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар остонаи сиюмин солгарди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Фаронса ифтитоҳ ёфт. Намоиши «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар даврони соҳибистиқлолӣ бузургтарин намоиши мамлакат дар Аврупо буда, дар муддати се моҳ мардуми Фаронса ва шаҳрвандони дигар кишварҳои ин қитъа тавонистанд бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик шинос шаванд. 


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд, ки намоиши «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи миллӣ омода ва ифтитоҳ карда шавад. 


Тағоймурод Эшзода