Хабарҳо
Дипломатияи қарздорӣ ва кумакҳои хориҷӣ
Дар кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалии факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ санаи 10-уми феврал семенари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Дипломатияи қарздорӣ ва кумакҳои хориҷӣ» баргузор гардид.
Нахуст, мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ З. Давлатшоева аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтибос оварда, иброз дошт, ки рушди иқтисодиёт ҷалби ҳарчи бештари сармоя ва такмил додани механизми воридсозии онро талаб менамояд. Дар ин самт, пеш аз ҳама, қонунгузорӣ оид ба сармоягузорӣ такмил дода шуда, дар кишвар ҳамоҳангсозии сармоягузорони ватанӣ зимни раванди пешниҳоди лоиҳаҳо барои сармоягузории мустақим аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба таври зарурӣ ба роҳ монда шавад.
Пасон, ассистенти ҳамин кафедра М. Ҳамроев дар мавзӯи «Дипломатияи қарздорӣ ва кумакҳои хориҷӣ» баромад намуда, аз ҷумла зикр кард, ки бузургтарин қарзгирандагон ва қарздиҳандагон дар бозори ҷаҳонии сармояи қарзи давлатҳои пешрафта - ИМА, Британияи Кабир, Ҷопон ва Канада ба шумор мераванд.
Ҳамин тариқ, асос ба қарзи хориҷӣ масъалаи дуруст, оқилона ва самаранок истифода бурдани он мебошад.
Дар музокира донишҷӯён дар доираи мавзӯъ ба М. Ҳамроев суолҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Баргузории чунин семенарҳои илмӣ-назариявӣ барои баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён мусоидат менамояд.
Тағоймурод Эшзода