Хабарҳо
Дарси профессор намунавӣ аст
Дирӯз дар толори умумидонишгоҳи тибқи нақшаи дарсҳои кушоди омӯзгорони ДДМИТ дар нимсолаи дуюми соли 2021-2022 дарси кушоди профессори кафедраи иқтисоди ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ Шермаҳмад Ҷонмаҳмадов дар мавзуи «Рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва вазифаҳои асосӣ дар соли 2022» баргузор гардид, ки дар он шумораи зиёди донишҷӯёну аспирантон иштирок намуданд.
Профессор дар баромади худ қайд намуд, ки 20- уми январи соли равон бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он ҳисоботи Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар бораи рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар соли 2021 шунида шуд. Сарвазир дар баромади худ қайд намуд, ки то ба имрӯз дар ҷумҳурӣ ба миқдори 98,9 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбати соли гузашта 9,3 фоиз зиёд мебошад. Ба буҷаи ҷумҳурӣ бошад, 29,5 миллиард сомонӣ ворид карда шудааст, ки аз нақшаи пешбиникардашуда 1.3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Дар хотимаи баромад профессор қайд намуд. ки мақсади ҳукумат, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, ба ин васила поён бурдани сатҳи бекорӣ ва камбизоатӣ мебошад.
Донишҷӯён ва устодону аспирантон ба профессор суолҳои бешумор дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим А.Муллоҷонов дар охир дарси кушодро таҳлил намуда, онро яке аз дарсҳои намунавӣ ҳисобид.
Тағоймурод Эшзода