Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Дарси намунавӣ баҳри баланд бардоштани сифати таҳсилот

Дарси намунавӣ баҳри баланд бардоштани сифати таҳсилот

Дар асоси таъкидҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ дар самти илму маориф дар ДДМИТ ба фаъолияти таълимӣ, илмию тадқиқотӣ, байналмилалӣ, ташкилию тарбиявӣ ва молиявию хоҷагидорӣ чораҳои мушаххас андешида мешаванд. Ин ҳама ҷиҳати баландбардории сифати таълим ва тақвияти сатҳи касбияти устодон мусоидат менамояд. 
Дар доираи бо сифати баланд ва замонавӣ гузаронидани дарсҳои намунавӣ ва семинарҳои илмии устодони варзидаи соҳаи молия ва иқтисод дар донишгоҳ дарси намунавии профессори кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ Ҳамидулло Фақеров баргузор гардид, ки дар он шумораи зиёди донишҷӯёни факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ иштирок намуданд. 
Гузаронидани чунин машғулият бори дигар далолат аз он мекунад, ки агар дарс пурмуҳтаво бошад, донишҷӯ худаш барои иштирок ба дарсҳо ҳавасманд мешавад. Донишҷӯ, ки худомӯз шуд, дар оянда метавонад мутахассиси хуби соҳа гардад. Барои тарбия намудани мутахассиси варзида дар донишгоҳ тамоми шароитҳо муҳайёст. Фақат азму иродаи донишҷӯ лозим, ки паси миз нишинаду илм омӯзад. Ҳамин аст, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ ҳамасола тақрибан 60-62 фоизи хатмкунандагони донишгоҳ бо кор таъмин мешаванд. 


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Бояд қайд кард, ки таъминоти кадрии раванди таълим аз ҷумлаи масоили марказии такмили сифати таълим ба ҳисоб рафта, айни замон дар донишгоҳ 21 нафар доктори илм, 151 нафар номзади илм, 199 муаллими калон ва ассистентон, дар маҷмӯъ, 371 нафар устодон ба фаъолияти таълимӣ машғуланд. Бояд ёдовар шуд, ки Роҳбари давлат дар Паём қайд намуданд, ки: «Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад». 


Тағоймурод Эшзода