Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Назари математикӣ дар амалиётҳои бонкӣ

Назари математикӣ дар амалиётҳои бонкӣ

10-уми феврал дар толори конфронсии донишгоҳ дарси кушоди номзади илмҳои иқтисодӣ Миралӣ Шодмонов баргузор гардид. Дар он донишҷӯёни курси якуми факултети молия ва қарз, инчунин аспирантону устодон иштирок намуданд. 
Дар раванди машғулият мавзӯи «Дисконтирондан ва бақайдгирӣ аз рӯи андозаи фоизҳои сода» аз назари математикӣ дар амалиётҳои бонкӣ ҳаматарафа таҳлил гардид. Баромадкунанда моҳияти моделҳои математикӣ дар ҳисоббарориҳои молиявиро ба таври возеҳ фаҳмонид. 
Донишҷӯён оид ба истифодабарии амалиётҳои бонкӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ таассуроти хуб бардошта, ҳамчунин ба суолҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш пайдо намуданд. 
Баргузории чунин машғулиятҳо барои тайёр намудани мутахассисони соҳа мусоидат менамояд. 


Тағоймурод Эшзода